Садоқат ба Ватан

Ҳар боре, ки сухан оиди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан меравад, лаҳзае, ки ҳангоми расонидани кӯмаки тиббӣ ба сарбози дар вақти безарар кардани боқимондаи гурӯҳи терористӣ дар дораи Ромит захмгирифта ба ёдам меояд. Он рӯз мо бо як гурӯҳ устодони кафедраи осебшиносӣ бо иштироки донишҷӯён он сарбозро, ки ба ронаш тир хӯрдааст, муоина мекардем. Бо сабаби вазнинии осеб ва хунравӣ дар бемор садамаи осебӣ дида мешуд. Бешубҳа, ин ҳолат ба ҳаёти ӯ таҳдиди зиддӣ дошт. Дар ҳамин лаҳза як гурӯҳ роҳбарони сохторҳои қудратӣ ба аёдати ин сарбоз омаданд ва бо иҷозати мо аз аҳволи ӯ пурсон шуданд. Ҷавоби ин ҷавон ҳамаи мо, инчунин донишҷӯёнро ба ҳайрат овард. Ҳангоми ҷавоб ба роҳбарон ӯ аз ҳолати худ шикоят накард. Ӯ ба онҳо гуфт, ки «ман ҳангоми муҳориба он душманро захмдор кардам. Ҳангоми такроран парондан душмани дигар маро захмдор кард ва сад афсус, ки ман ӯро нобуд карда натавонистам». Вақте, ки ба ин суханон аҳамият медиҳем онҳо мумкин, ки аз нуқтаи назари баъзе аз мо оддӣ намояд. Аз нуқтаи назари ман муҳим он аст, ки ин суханон дар ҳолати ба бемор таҳдид кардани осеб ба ҳаёти ӯ гӯфта шуда буданд. Сабаби ба ҳайрат овардани духтурон, донишҷӯён ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ана ҳамин буд. Дар вақте, ки осебӣ вазнин бо хунравӣ бо ҳолати ин ҳимоятгари ватан таҳдид мекард, ӯ дар бораи худ не, дар бораи ҳимояти Ватан ҳарф мезад. Ана ҳамин аст садоқат ба Ватан. На бо гӯфтор, балки бо рафтори неки худ ин сарбоз садоқати худро ба Ватан исбот кард. Рафтори ин ҷавон барои ҳамаи мо бояд ибрат бошад. Гӯфтаҳои дар боло зикр шударо мо дар сӯҳбатҳо бо донишҷӯён ва лексияҳо истифода мебарем.
Дар давоми сикл донишҷӯён доимо аз аҳволи ин сарбоз хабар мегирифтанд. Мӯҳим он аст, ки онҳо пас аз анҷоми сикл ҳам ба аёдати ӯ меомаданд, зеро ҳодисаи ки онҳо шоҳид буданд, хеле таъсировар буд. Бояд қайд кунам, ки табобати ин ҷавон бо муваффақият анҷом ёфт ва ҳоло ӯ хизмати худро ба Ватани азизамон давом дода истода аст. Дар хотима бояд қайд кунам, ки дар дар ҳолате ки дар қатори ҳимоятгарони мо ин гуна ҷавонони садоқатманд ҳастанд, Ватани мо доимо аз хатар эмин хоҳад монд. Бо ин гуна ҷавонон мо бояд фахр кунем ва рафтори онҳоро барои дигарон ҳамчун намунаи баланди хизмати содиқона ба Ватан мисол орем.
Раззоқов А.А., мудири кафедраи травматология ортопедия ва ҷарроҳии низомӣ-саҳроӣ, д.и.т., профессор

15.02.2020     95