Сабр гулест,ки дар ҳар боғ намеруяд!

Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Бархе аз шаҳрвадоне, ки имрӯз берун аз кишвар мондаанду вобаста ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бар нагаштаанд бояд донанд, ки давлат баъди андешидани чораҳои зарурӣ эшонро бармегардонад. Ин шаҳрвандон маърифати созанда дошта бошанд, на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст аз расонаҳои хабарӣ аз хатари ин беморӣ огоҳ бошад, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ аз ин хатар берун биёем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро аз ин хатар эмин нигоҳ дорем.
Ҳукумати ҷумҳурӣ аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар мамлакати мо паҳн нагардад ва ба мардуми мо сироят накунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир ба бемории коронавирус иброз доштанд, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем. Баръакс, мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар давлати мо низ ба вуҷуд оянд»- гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбарияти Тоҷикистон имрӯз барои баргардонидани нафарони дар хориҷи кишвар ба далели баста шудани сарҳадот ва роҳҳо миёни кишварҳои дунё, тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз ин ки қисме аз ҳамватанони мо натавонистанд дар мӯҳлати муайяне, ки Ҳукумати кишвар бо хатсайрҳои махсус ҳамватанони дармондаамонро ба ватан баргардонид, ба кишвар биёянд, набояд ҳангома созанд, чунки айни замон дар тамоми дунё чунин тадобир роҳандозӣ шудааст. Магар кафолате ҳаст, ки чунин ашхос наметавонанд боиси харуҷи ин вирус дар хонаводаи хеш, аҳлу байт ва билохира тамоми кишвар шаванд. Бинобар ин, дар чунин ҳолати вазнину ҳассоси ҷаҳонӣ, ин шахсони дармонда набояд танҳо дар фикри худ, балки кулли мардуми кишвар ва пеш аз ҳама аҳлу байти хеш бошанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

14.05.2020     319
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php