Саҳми ворисони Сино дар солимии ҷомеа

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар 8 моҳи аввали соли 2020 бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёму вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла дар Рӯзи Дониш - 1 сентябри соли 2019 бармеоянд, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои зиёди судмандро амалӣ намуд.

Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ мешавад, дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши арзандае мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин  боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги соҳаи тибби кишвар маҳсуб мешавад.Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист.

Ҳайати профессорону омӯзгорони (ҲПО) ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар баробари сарбории таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории муолиҷавию машваратӣ ба дӯши онҳо гузоштаро сарбаландона иҷро менамоянд. Донишгоҳ дар барқарорсозии саломатии аҳолии ҷумҳурӣ бевосита саҳми худро мегузорад, яъне ҲПО-и кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар пойгоҳҳои клиникии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе дар қатори тадрис ба донишҷӯён, инчунин ба беморон кӯмаки ташхисию табобатӣ ва машваратии бевоситаи худро мерасонанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба 24386 беморон кӯмаки машваратӣ ва ташхисию табобатӣ расонида шудааст.

Дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ дар ин давра ба 8508 нафар ниёзмандон  кӯмак расонида шуд. Аз ин шумора 584 нафар кормандони донишгоҳ, 5394  нафар донишҷӯён ва 2530 нафар шаҳрвандонро ташкил медиҳанд.

         Дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ дар қатори тадрис ба донишҷӯён, инчунин кӯмаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар ин давра аз тарафи кормандони Маркази мазкур ба 1201 нафар беморон кӯмаки тахассусии стоматологӣ расонида шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ МТИК «Стоматология» аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Марказ бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ ва асбобҳои яккаратаи стоматологӣ таъмин карда шудааст ва шароити мусоид барои корҳои ташхисию табобатӣ ва таълимию илмӣ фароҳам оварда шудааст. Дар марказ аз ҷониби Лоиҳаҳои грантии рушди таҳсилоти олӣ ва TajikAid (Барномаи ортодонтия, Олмон) барои донишҷӯён ва табобати беморон 11-то дастгоҳҳои замонавии стоматологӣ ворид карда шуд. Ҳамзамон кормандони марказ дар ғани гардонидани буҷаи донишгоҳ саҳми арзандае доранд.

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар сохтмони бинои маъмурӣ ва таълимии донишгоҳ дар шаҳраки Шифобахшихиёбони Сино, ба роҳ монда шудааст ва бо саҳмгузории донишгоҳ дар соли 2020 низ корҳои сохтмониву бетонӣ бо суръат идома дода шуда истодааст.Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ як қатор корҳои таъмирӣ, ободонию кабудизоркунии боғу гулгаштҳо дар ҳудуди биноҳои таълимию маъмурӣ, хобгоҳҳо ва заминҳои назди донишгоҳ ва шаҳри Душанбе ба сомон расонида шуданд.Роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати профессорону омузгорон иқдом гирифтаанд,ки бо баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва табобати беморон  дар созандагии ватани азизамон ва ҷашни 30 солагии  истиқлолияти кишвар саҳмгузор бошанд.

Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робитаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

З. Турсунова- мутахассиси шуъба 


12.08.2020     204
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php