Рушди забони тоҷикӣ - муҳимтарин рамзи истиқлолият аст

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ қайд намуда буданд: Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Боиси таъкид аст, ки истиқлолхоҳии тоҷикон дар охири садаи ХХ маҳз аз ҳалли масъалаи забон шуруъ гардид ва бо дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ ибтидо аз соли 1991 забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи адабии миллати тоҷик рушди бесобиқае ёфт. Дар ин давраи  кутоҳи таърихӣ тоҷикон бо амалҳои ҳадафмандона   дар самти таъмини умумияти забони адабии миллат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Чунончи, забони адабии тоҷикӣ тавасути қонугузорӣ забони давлатӣ эълон гардида, мақоми аввалро дар раванди таъмини ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии миллату давлат касб кард. Забон аз тамоми унсурҳои нозарури иқтибосшуда ва олудагиҳо дар захираи луғавӣ ва қоидаҳои сарфию наҳвӣ тоза гардид, қоидаҳои имлои он такмил ёфтанд ва ислоҳоти алифбои кириллиасоси тоҷикӣ сурат гирифт. Эҳтиром ба забони модарӣ, таҷлили рӯзи он дар сатҳи миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғании фарҳангӣ, ки дар асоси он ба вуҷуд оварда шудааст ва амсоли он ба як ҷузви муҳимми барномаи ғайрирасмии эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди миллат мубаддал гардиданд. Оммафаҳмии забони адабӣ ва сухангӯӣ бо он барои ҳамаи намояндагони миллат новобаста аз минтақаи зисташон таъмин гардид, нутқи шифоҳӣ ба забони адабӣ бештар наздик шуд.

Дар маҷмуъ, забони муосири адабии тоҷикӣ дар даврони истиқлолият дубора эҳё гардида, рушди он ҳамчун нишонаи миллат умумияти тоҷиконро боз ҳам тақвият бахшид. Шеваю лаҳҷаҳои дар дохили ин забон мавҷудбуда то кунун ҳам ҳамчун воситаи шифоҳии муошират дар сатҳи маҳаллию минтақавӣ корбаст гардида, барои рушди забони адабии хаттӣ ҳамчун махзани шифоҳӣ хидмат мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи ин забонҳоро кафолат дода, азхудкунии забонии адабии тоҷикиро аз ҷониби ҳомилони ин забонҳо дар сатҳи ниҳодҳои расмӣ ва ҳаёти рӯзмарра пурра таъмин намуд ва бо ин роҳ ваҳдат ва ягонагии миллиро таҳким бахшид.

Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат «омили муҳими ташаккули миллат» ва  «рукни асосии давлат» шинохтани забон, эълом доштани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабул ва амалисозии чандиндафъаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди он ва тадбирҳои зиёди дигар дастовардҳои миллатро дар самти таъмини умумияти забонӣ боз ҳам афзунтар намуданд. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат ва забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.


Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъба


26.08.2020     40