Рушд ва пешрафти сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Соҳаи туризм яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон эътироф гаштааст. Дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон туризм дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои дигар аз ҷумла нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар самтҳои иқтисодиёт таъсири  мусбат  мерасонад.

Барои Тоҷикистон туризм яке аз самтҳои сердаромади дурнамои инкишофи минбаъдаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад ва бо таъсиси ҷойҳои кории нав метавонад дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  мусоидат намояд.

Тоҷикистон, ки таърихи бою  рангин ва табиати нотакрору дилфиреб дорад  ҳар сол диққати сайёҳони зиёдро ҷалб мекунад. Вобаста ба ин бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши равандҳои танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои баландихтисос 27 майи соли 2017 дар назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида, Кумитаи рушди сайёҳӣ  таъсис дода шуд.

Дар баробари ин 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли  2018- ро  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ” эълон намуданд.

Баъди ҳамаи тадбирҳои пешгирифтаи ҳукумату давлат, барои ҷалби боз ҳам бештари сайёҳон воситаҳои бештар бояд ҷуст. Яке аз воситаҳои паҳншудатарини тарғибу ташвиқ ва хабаррасонии ҷомеа ин ВАО аст. ВАО хусусияти хуби таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва дигар кардани фикри мардумро дорад. Он василаҳои гуногун дорад: матбуот, телевизион ва радио. Матбуот воситаи классикии ахбори омма ба ҳисоб меравад, ки дигар навъи воситаҳои хабаррасонӣ дар заминаи он, бо имкониятҳои дигар ба вуҷуд омаданд. Аммо солҳои охир воситаҳои электронии ахбор хусусияти иттилоърасонии матбуотро тангтар кардааст.

Туризм, ки сердаромадтарин соҳа ба ҳисоб меравад, инкишофи он аз манфиати ҳар давлату мамлакат холӣ нест, зеро он метавонад иқтисодиёти кишварро тараққӣ  диҳад ва ба ин восита сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар намояд.

Туризм падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодӣ маҳсуб ёфта, илмҳои гуногун онро зери назари худ қарор додаанд. Ҳар як соҳа аз нигоҳи худ мафҳуми туризмро шарҳ додаанд ва ин боиси он гардидааст, ки туризм таърифи ягона надошта, доираи баҳси он паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

Дар замони муосир туризми экологӣ, яке аз шаклҳои афзалиятноки сайёҳӣ ба шумор меравад. Боиси тазаккур аст, ки СММ соли 2002-юмро соли туризми экологӣ эълон намуд. Экотуристон одатан бо гурӯҳҳои камшумор ва зери роҳбарии мутахассисон (географҳои табиатшинос, орнитологҳо, энтемологҳо, экологҳо, зоологҳо, ихтиологҳо ва ғ.) сайр мекунанд.

Мамлакатҳое, ки табиати нотакрор доранд дар онҳо туризми экологӣ дар ҷойи аввал меистад. Тоҷикистонро ҳар сол шумораи зиёди сайёҳон маҳз бо мақсади ин навъи туризм дидан мекунанд. 22% қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи экологӣ эълон гардидааст. Тоҷикистон, ки қисмати зиёдашро куҳҳо ташкил медиҳанд, метавонад бо фароҳам сохтани шароитҳо барои рушди туризм созгор бо имкониятҳои мавқеи ҷуғрофӣ дар ҷомеаи туристии ҷаҳон ҷойгоҳи худро касб намояд. Дар баробари ин, чунин бартариятҳо метавонанд боиси рушди туризм дар мамлакат гарданд. Мисол:

-ҳамсояги бо кишварҳои пешрафта ва ё рушдкунандаи минтақаи Осиё, аз  ҷумла Чин;

-таърихи куҳан ва пурғановат, фарҳанги асили миллӣ (зиёда аз 2000 объектҳои дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ);

-фарҳанги хоси меҳмондорӣ;

-иқтидори бойи табиӣ (зиёда аз 200 чашмаои обҳои шифобахш, кул ва дарёҳои шӯхи калони зиёд, табиати нотакрор, олами бойи ҳайвонот ва наботот).

Моҳи сентябри соли 2017 Тоҷикистон ва 155 давлати аъзои Созмони ҷаҳонии туризм "Эъломияи Ченгду"-ро қабул карданд, ки он нақш ва саҳми босазои соҳаи сайёҳиро бо назардошти ҳадафҳои рушди устувор муайян менамояд. Тоҷикистон бо мероси мадании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ ва захираҳои бойи табиӣ барои инкишофи ин соҳаи ояндадор  қувваи бузург аст.

Баъди он ки соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд, барои он рамзи мувофиқ интихоб гардид. Он шакли доира дошта, атрофаш бо рамзҳои Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Гирдогирди рамзро бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни “2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарои мардумӣ” оро додааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, тарҷумаи он бо забони англисӣ барои тарғиби сайёҳон аз кишварҳои хориҷӣ  мебошад.

Дар миёни рамз куҳҳои осмонбӯсу сарбафалаккашидаи Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои куҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ  васеъ истифода мешавад, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва офтоб, ки бозгуи рушди соҳаи сайёҳӣ аст, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои  мардумӣ дар   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад.      

Одинаева Л.Э. Ҷумаева М.И          Кафедраи  беҳдошт ва  экология

  



02.09.2020     16