Роғун - шаҳри нурофар

Роғун - шаҳри нурофар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони №977, аз 29-уми декабри соли 2017 соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар пайи ин пайки фархунда, мардуми сарбаланди шаҳру навоҳии кишвар ба дастгирии тасмими Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат баста, дар ободонии диёр саҳмгузорӣ карда истодаанд. Мардуми меҳмондўсту ҳунарманди шаҳри Роғун ҳам кўшиш карда истодаанд, ки ин гўшаи зебоманзараи диёр ба таври доимӣ макони сайругашт ва тасхиркунандаи меҳмонону сайёҳон бошад.
Умедгоҳи тоҷикон
Роғун - шаҳре зебо, бо манзараҳои дилфиреб, дар миёни куҳсор. Шаҳре, ки манбаи тавлиди нур хоҳад буд. Шаҳре, ки ҳазорон ҳазор чашмҳо дида ба он медўзанд ва дар қалбҳо умедвориҳо гул мекунанд.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст, ки номи «Роғун» аз ду бахш - «роғ» ва «ун» иборат аст. «Роғ» вожаи сирф ориёӣ буда, аз қадимулайём дар забони форсии бостон, форсии миёна ва забони форсии нав (порсӣ, дарӣ) то имрўз ба кор бурда мешавад.
Шаҳри Роғун дар идомаи доманаи ғарбии куҳҳои Помир, дар байни қаторкуҳҳои Дарвоз ва Қаротегин, дар соҳили рости рўди Вахши пуртўғён ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Балҷувону Нораки Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Нурободу Файзобод ҳамсарҳад аст.
Шаҳри Роғун дар масофаи 100 километр аз қисмати шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Шаҳр соли 1986 бо укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Релефи шаҳри Роғун куҳистон мебошад. Иқлимаш нарму муътадил аст. Дар ҳудуди шаҳри Роғун ёдгориҳои таърихӣ зиёд мавҷуданд: Қалъаи Кофир дар қисмати поёнии деҳаи Майдони Калон, Қалъаи Шаҳристони назди деҳаи Сариқамиш (ҳозира маркази шаҳри Роғун назди деҳаи Бедак), Қалъаи Гули Сурх дар Ҷамоати Қади Об, Қалъаи Васеъгиён (ҳозира деҳаи Қалъаи Нав).
Болои куҳи Сангова куҳест, ки онро куҳи Акаҷонбой ном мебаранд. Тибқи ривоятҳо, Акаҷонбой дар айёми ҷавонияш ҳангоми молбонӣ аз зери харсанги болои куҳ хазинаи тилло меёбад ва дар забони мардум мемонад.
Шаҳри Роғун ҳамзамон бо шаҳраки Оби Гарм, маркази обҳои табиии шифобахш, ё ин ки Шаҳраки санаторияҳо маҳбубу машҳур гаштааст. Барои истироҳат ба истироҳатгоҳҳои беназири шаҳраки Оби Гарм ҳамасола мардуми зиёде ташриф меоранд. Шоир Сайқал ҳам дар тавсифи он чунин гуфта:
Сарманзили Оби Гарм мулки куҳан аст,
Гармобаи оби гарм дармони тан аст.
Шукрона, ки ин муъҷизаи доди Худо,
Чун атри кафан барои мо дар Ватан аст.
Имкониятҳо фароҳаманд
Шаҳри Роғун барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, рўду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли тобистон ҷиҳати ташкили мавзеҳои истироҳатӣ ва табобатӣ, инчунин ташкили намуди лижаронӣ дар фасли зимистон имкониятҳои мусоид дорад. Сайёҳон ва ё меҳмононе, ки ба шаҳри Роғун ташриф меоранд, махсусан барои тамошои иншооти азими аср - Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва гирифтани табобат ба шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх меоянд, ки дорои обҳои гарми табиии шифоӣ мебошанд. Обҳои мазкур барои бемориҳои ревматизм, пўст, гирифтагии куҳна ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ доранд.
Дар шаҳр 1 адад меҳмонхона, 6 адад осоишгоҳ, бо табобат аз чашмаҳои хусусияти шифоидошта, 1 адад қурутобхонаи бо тарҳ ва таҷҳизоти миллӣ, 4 адад тарабхонаи ба талаботҳои замони муосир ҷавобгў фаъолият менамоянд.
Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ қайд кардан бамаврид аст, ки дар шаҳр 1 адад осорхона, боғи фарҳангии замонавӣ ва дар даромадгоҳи шаҳр аз гардиши шоҳроҳ мавзеи фароғативу истироҳатӣ бо номи «Нақб» арзи вуҷуд дорад, ки бо тарҳи хело ҷолиб, дорои шаршара, ҳавз, мавзеҳои сабзазор ва ҷойҳои намоишӣ, аз ҷумла нақб, ки рамзи шаҳри Роғунро ҳамчун шаҳри нурофар ифода менамояд, диққати бинандаро ҷалб мекунанд.
Ҳамчунин, мавзеъҳои фарҳангиву таърихиву фарҳангӣ, ба монанди зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, ки дар баландии тахминан 1750 метр аз сатҳи баҳр дар дохили ҷангалзор ва мавзеи хело тамошобоб ҷойгир аст, мақбараи Эшони Қиёмиддин, Мақбараи Эшони Абдураҳмонҷон, мазори Хоҷаи Дарвеш, Хоҷаи Қалавур, Ҳазрати Фарҳод, Ҳазрати Шоҳ, Хоҷаи Бўстон, Хоҷаи Ҳофиз, Хоҷаи Гулрез, мазори Сарчашма, Хазинаи Акаҷонбой, Куҳи Яхдон, Мавзеи Гули сурх, Луғур, Марғзор, Дараи Хоҷхарф ва ғайраҳо мавҷуданд.
Хазинаи Акаҷонбой
Хазинаи Акаҷонбой дар нуқтаи баландтарини куҳи Оқтош ҷойгир аст. Дар охири асри 19 хазинаи калони ганҷина марбут ба асри 14-15 аз тарафи Акаҷонбой ном шахс ёфт шудааст. Тарҳи хазина то ҳол мавҷуд аст. Акаҷонбой аз тарафи Мири Ғарм барои қоил шуданаш азиятҳои зиёд мебинад, аммо сир бой намедиҳад. Номбурда некўиҳо ва ободкориҳои бисёре кардааст. Дар охир соли 1930 боқимондаи хазина аз тарафи аскарони сурх ва роҳбарони ҳамонвақтаи НКВД ба шаҳри Маскав интиқол дода мешавад. Дар болои ҳамон куҳ паҳноии калоне мавҷуд мебошад, ки куҳ аз ҳамон қисматаш чор қисм шуда, дар масофаи 4-5 километр боз якҷоя мешавад. Кўли Акаҷонбой дар ҳамон ҳамворӣ аз ҳисоби оби барфу борон ба вуҷуд омадааст, ки роҳи резиш дорад. Кўл на он қадар калон бошад ҳам, дар баландии зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр дар болои куҳ, дар мавзее, ки ба майдони футбол монанд аст, ҷойгир шудааст.
Куҳи Яхдон
Он ба монанди нақб дар дохили куҳ аст, ки зимистон гарм буда, аслан макони парандаҳо, аз ҷумла кабку кабўтарҳо мебошад ва дар фасли тобистон чунон сард аст, ки ҳар як қатра оби аз боло чакида истода дар ҷояш ба ях табдил меёбад.
Мавзеи Марғзор
Он дар масофаи 30 км аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад. Дар фасли зимистон бинобар убур намудани ағбаи баланд ва барфи зиёд имконияти рафтан кам муяссар мегардад. Баҳору тобистон ва тирамоҳи хело зебо дорад. Ин мавзеъ ба дарёи Вахш наздик буда, дорои табиати ҳамешасабз аст. Аз тарафи ғарбии мавзеъ аз танаи куҳ чашмаи оби софу зулоле аз як макон ҷўш зада баромада, ба монанди дарёи калоне ба болои сабза дар масофаи 500 метр ҷорӣ мешавад ва баъдан аз баландии 20-30 метр шаршараи зебоеро ташкил дода, ба дарёи Вахш ҳамроҳ мешавад. Инчунин, дар ҳамин мавзеъ ду адад кўл мавҷуд аст, ки аз куҷо омадани об ва ба кадом тараф рафтанаш дида намешавад, яъне дар ҳамаи фаслҳои сол оби кўлҳо як хел меистад. Баъдан, дар дохили як кўл, ки аз кўли дигар хурдтар аст, як порча қамишзор мавҷуд аст, ки дар давоми шабонарўз дар болои ҳавз чарх зада меистад. Аҷибаш ин аст, ки ҳаммонанди офтоб, яъне саҳар дар тарафи шарқ, нисфирўзӣ дар мобайн ва бегоҳӣ дар тарафи ғарбии ҳавз қарор мегирад. Атрофро дар майдони зиёда аз 1000 гектар анбуҳи ҷангалзор иборат аз дарахтони ҳархелаи аҷоиби мевадору сояафкан, махсусан дарахтони тут ва чормағз иҳота намудааст. Дар рў ба рўяш аз тарафи ҷануб куҳҳои сар ба фалак печидаи мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ҷойгир мебошанд. Ҳайвонҳои ваҳшӣ, аз қабили гург, хирс, хук ва бузҳои куҳӣ бисёр дида мешаванд.
Мавзеи Гули Сурх
Он дорои куҳҳои баланд, харсангҳои калон, чашмаҳои софу зулол ва дарёчаҳои зиёд мебошад, ки дар фасли тобистон бо задани хаймаҳои муваққатӣ барои истироҳат бениҳоят муносиб аст. Инчунин, дар дарёчаҳо гулмоҳиҳо шино карда мегарданд, ки ба табиати зебои ин манзара ҳусн зам менамоянд.
Мавзеи Дараи Хоҷхарф
Он дар иҳотаи куҳҳои осмонбўс ҷойгир буда, дорои обҳои мусаффо, ҷангалзорҳо ва ҳайвоноти ваҳшии гуногун мебошад. Дара дар шафати ҷанубии Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ҷойгир мебошад. Барои меҳмононе, ки ба тамошои нерўгоҳ меоянд, ташкили маркази фароғатию истироҳатӣ имконият дорад.
Зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ
Он дар мавзеи Кирбич ва Чормағзак ҷойгир буда, дорои табиати хело аҷибу дилкаш мебошад. Дар наздикии зиёратгоҳ ҳавзи калоне мавҷуд аст, ки асосан аз оби барфу борон пур мешавад. Ҳамчунин, дар мавзеи Чормағзак, ки дар наздикии зиёратгоҳ мебошад, чунин ҳавз мавҷуд аст. Дар мавзеъ хаму пастхамиҳои зиёд, обҳои ҷорӣ, ҷангалзор ва ҳайвоноти ваҳшӣ низ зиёданд. Ҳар сол бо мақсади зиёрат меҳмонони зиёде аз ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ташриф меоранд.
Осору маълумотномаи зинда
Осорхонаи миллии шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии “Роғун” метавонанд аз таъриху тамаддун ва муъҷизаофарии ин миллату ин маҳал маълумотномаи зинда муаррифӣ намоянд.
Осорхонаи шаҳри Роғун баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии шаҳр хизмати фарҳангӣ расонида, ҳамарўза дарҳояш барои қабули оммаи васеи тамошобинон боз аст. Осорхона дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, нигораҳои таърихиро ба маърази тамошо мегузорад. Бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаи шаҳри Роғун тибқи ҳуҷҷатҳои асосии баҳисобгирии китоби воридот ва санадҳои дигари қабули ашё ва коллексяҳои осорхонавӣ 985 ашё ва коллексияҳоро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 27 номгў дар давоми се моҳи аввали соли равон ворид гардидааст. Аз оғози соли ҷорӣ то ин ҷониб аз Осорхонаи шаҳри Роғун зиёда аз 280 нафар тамошобин дидан намудаанд.
Ҳамчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки 25 километр қисмати шоҳроҳи Душанбе-Лахшро мавзеъҳои аҳолинишини шаҳри Роғун ташкил медиҳад. Аз ин рў, дар ин масофа аз тарафи аҳолӣ ташкили нуқтаҳои фурўши ҳунарҳои миллӣ, хўрокҳои миллӣ ва дигар корҳои аз тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик даракдиҳанда имконият дорад.
Ҳунармандӣ
Дар шаҳри Роғун ба рушди ҳунарҳои миллӣ аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Ҳунармандон дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Ҳунарманд Марҳабо (адрасбофӣ) аз деҳаи Қандак, Давлатмурод (сабадбофӣ) аз деҳаи Бўстон, Абдулмаҷид (табақтарошӣ) аз деҳаи Луғур, Сайқадам (оҳангарӣ) аз деҳаи Ҷавонӣ, Усто Хол (оҳангарӣ) аз деҳаи Абдулбобиён, Бобоҷон (дутортарошӣ, найсозӣ) аз деҳаи Қади Об, Нозия (ҳунарҳои гуногунии миллии занона) аз кўчаи Истиқлол ва ғайраҳоро метавон номбар намуд, ки бо маҳсули дастони худ аллакай шинохта гаштаанд.
Тарҳи беназир
Воқеан, шаҳри Роғун диёри мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, куҳҳои осмонбўс, обҳои шифобахш, чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат аст. Бахусус тарҳи меъмории биноҳои шаҳр беназир буда, аз биноҳои замонавии шаҳрҳои пешрафтатарин ҳам камӣ надоранд. Чун раиси шаҳр муҳтарам Билол Иброҳим худ ба шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи беандоза доранд, ҳамин аст, ки симои маркази шаҳр беш аз пеш ҷолибтару диданитар мегардад. Ин имконият медиҳад, ки сайёҳону меҳмонони ба шаҳр ташрифоварда бо табъи болидаву як ҷаҳон хушнудӣ, бо умеди дидори дигар рахти сафар бубанданд.
Бахтиёр АЛИМОВ

Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
Роғун - шаҳри нурофар
26.09.2019     1322
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php