РОҒУН – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Тоҷикистон Иди истиқлоли худро бо рӯйдоди дигари таърихӣ – ба кор андохтани чархи дуввуми нерӯгоҳи Роғун пайванд дод. Субҳи 9-уми сентябр дар як маросими мутантан чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғун ба кор андохта шуд.
Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқӣ обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд. Пас аз ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи он низ ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.
Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Баъди ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ дар назди васлгарону ронандагон, нақбканону кафшергарон, пармагарону барқчиён, дуредгарону муҳандисон ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватананони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамон амалӣ мегарданд.
Зимнан, 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи азим оғоз бахшиданд.
16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшида буданд.
Ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳими нерӯгоҳ - хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун” ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода доданд. Баъди ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.
З.Турсунова, шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

07.07.2020     571
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php