РОҒУН – истиқлоли энергетики мамлакат

9 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Роғун оғоз кардани агрегати дуюми неругоҳи барқи обии «Роғун» - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон кулли шахрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин рўйдоди муҳими таърихи табрику таҳният гуфтанд.
Қабл аз ҳама дар сохтмони НБО «Роғун» саҳми Пешвои маҳбуби миллат басо бузург ва назаррас аст, зеро ў тавонист бо азми қавӣ рў ба мушкилоти сангини замон оварда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳмати шабонарўзӣ кашида, Роғунро ба иншооти миллӣ табдил доданд.
Сохтмони НБО «Роғун» ин амалшавии орзуи деринаи халқи тоҷик дар мавриди гарму чароғон ва мунаввартар гардидани хонадон ва шукуфону ободгардонии кишвар мебошад. «Роғун» - ро метавон иншооти бозгўи ваҳдати милли тоҷик номид, зеро дар ин макон намояндагони чандин миллату халқият ва маҳалаҳо бар ба бар истода, шабу рўз заҳмат мекашанд. Ин заҳмати ояндасоз буда, барои беҳбудии зиндагии халқ равона гардидааст. Барои бунёди он тамоми қувваҳо сафарбар карда шудаанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои азими гидроэнергетикист. Ҳаҷми умумии онҳо ба зиёда аз 184 млрд.кВт. соат дар як сол баробар буда, аз ҷумла иқтидори саноатии онҳо зиёда аз 56 млрд. кВт. Соат дар як сол мебошад. Бояд гуфт, ки сохтмони НБО «Роғун» аҳмияти иқтисодӣ дорад, зеро истеҳсоли барқи арзон барои рушди саноат, таҳсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба густариши ҳамкории байни давлатӣ ва байниминтақавӣ дар самти содироти он мусоидат менамояд.Ин неругоҳ метавонад бо иқтидори истеҳсолии худ ба манфиати умумии минтақа хизмат намояд.
Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳими стратегӣ барои зиндагии сазовори наслҳои имрўзу ояндаи кишвари азизамон хизмат хоҳад кард. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмўъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат замимаи мусоид фароҳам меорад.Гардон шудани чархаи дуюми НБО «Роғун» боз як ғалабаи бузурги халқи тоҷик бо Сарвари маҳбубамон Эмомали Раҳмон мебошад. Боз як қадами устувор дар роҳи ободии Ватани маҳбубамон, ки аҳамияти онро дар соири кишварҳои ҷаҳон на танҳо эътироф мекунад, балки аз сохтмони чунин иншооти нодири муҳандисӣ ангушти ҳайрат мегазанд.
Ҳамин тавр, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, махсусан ба сохтмони неругоҳҳо вобаста аст. Бинобар ин, саҳм гузоштан дар ободии Ватан, беҳбудии оила ва маҳалли худ оини хештаншиносист.
Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рўйи ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Ҷонибекова Р.Н., Абдурахимов А.Х., Рахимов Н.М.

16.09.2019     105