РОҒУН – Ҳадаф аст! Шараф аст!

Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Неругоҳи барқи обии Роғун машғул аст. Раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин агрегати бузург мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.
Бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо ҷаҳди бузург, бо иттиҳоду якдилӣ мардуми сарбаланди тоҷик санг бар болои санге ниҳода, Роғунро сохтанд, то ки ояндаи мо нурафшону дурахшон бошад. Санаҳои ифтитоҳи ин иншшоти бузург чун як авроқи пурҷило дар саҳфаи таърихи кишвар маҳфуз гардид. Боиси зикр аст, ки НБО Роғун дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ба истифода дода шуд.
Ноби Роғун меваи ширини боғи Ваҳдат аст,

Оби ӯ аз оби рӯи сарвари бонангу ори давлат аст,

Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат гар расид,

Солимии миллат акнун худ шиори давлат аст.
Таваҷҷуҳи кулли мардуми кишвар низ ба ин сохтмони азим хеле зиёд буд. Ин буд ки соли 2010 дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар сокинон бо руҳияи ватандӯстию ободкорӣ ба роҳпаймоӣ баромада, бо харидорӣ намудани саҳмияҳо ҳиссаи хешро дар бунёди ин кохи нур гузоштанд. Дар маросими ба кор даровардани чархаи аввали ин неругоҳ, Пешвои муаззами миллат бо арзи миннатдорӣ ба ин иқдоми мардум, таъкид намуданд: “Дар ин лаҳзаи фараҳбахш ба ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта саҳмияҳои неругоҳро харидорӣ карданд ва барои оғози корҳои сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён мекунем”.
Барои бунёди Роғун маҳз худи Пешвои миллат камари ҳиммат баста, маҷрои дарёи Вахшро бастаанд (соли 2017).
Зи нанги шоҳи Раҳмонӣ, азизон Вахш хомӯш аст,

Садою даuдаuаш чун ваҳшатангез буд, дар гӯш аст,

Зи хушбахтӣ ба ин миллат чунин Сарвар Худо додаст,

Вагарна бин ту дӯнёро, куҷояш ҷанг хомӯш аст?
Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.
Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод. Имрӯз мавзӯи бунёди “Кохи нур”-и Тоҷикистон ба шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.
Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.
Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иштироки бевоситаи роҳбарияти давлат дар корҳои сохтмонӣ ва мулоқоти судмандашон бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ҷаридаи оламиён хоҳад кард.
Бар ватандории мо ҳар кас, ки варзад душманӣ,

Бемуҳобо то кунун дар рахти хоби ғафлат аст.
Иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи баркӣ -обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нурую зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эхтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд.

Таибов С.А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


02.04.2020     719
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php