Роғун-ҷабҳаи номуси миллӣ

Вақте, ки сухан дар бораи неругоҳи барқии обии “Роғун”, меравад, ҳама фикру зикри инсон пеш аз ҳама ба як модари тавлидкунандаи бузурги барқӣ равона мегардад. Аммо агар дуруст фикр кунем, мебинем, ки тарақиёти илму-техника, ки ҷанини ҳаракатдиҳандаи табаддулоти техникӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷамъият ҳастанд, бе қувваи барқ иҷроиши онҳо аз имкон дур аст. Дар ин ҷода низ қариб ҳамаи дастовардҳои тиббро бе қувваи барқ тасаввур кардан номумкин аст, чунки фаъолияти кори дастгоҳи ҳозиразамон: компютер, рентген, ултрасадо, эндоскоп, лазер, дастгоҳҳои физиотерапиявӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ: идоракунии кори узвҳои ҳаётан зарур (шуш, дил, ҷигар, гурда) ва дигаронро бе қувваи барқ иҷро кардан номумкин аст. Бинобар ин, мо табибон дучанд хурсанд ва бо чашми интизор рӯзи пурра ба кор даромадани неругоҳи барқии обии “Роғун”- ро интизорем. Ғайр аз ин Неругоҳи барқии обии “Роғун”, барои мардуми тоҷик аҳмияти стратегӣ дошта ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум садсолаҳо хизмат мекунад. Рости, нисбати кушодашавии ин иншооти бузург агар дар 5 - 10 сол пеш сухан мерафт, як афсонаро мемонд. Барои афсонаро ба ҳақиқат табдил додан, хизматҳои беандоза бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пеши назар меояд, чунки таърихи ташаккулёбии ин иншооти бузург худ гувоҳии он аст. Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии (КИД) Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд. Экспертизаи асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи Роғун комилан собит кард. Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифта, моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид. Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи ИҶШС ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст. Баъд аз пошхурии ИҶШС сохтмони Роғун боздошта шуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва бозсозии Роғун дубора ба нақша гирифта шуд. Бунёди НБО Роғун на танҳо барои тавлидкунии иқтидори бузурги неруи барқ мебошад, балки барои яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳон, ки норасогии оби тоза аст, хизмат мекунад. Яъне барои амалӣ гардидани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷистон дар арсаи байналмилали, оид ба проблемаи оби тоза мусоидат менамояд. Инчунин, барои ҷамъоварии оби тоза як обанбори бузургро ташкил медиҳад.
Агар аз нуқтаи назари тиббӣ гирем, иқлими мулоим ва намноки оксигенӣ барои табобати бисёр бемориҳои системаи нафас, дилу рагҳо, асаб, хастагӣ ва гайра бениҳоят фоидабахш мебошад. Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ, дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳад ёфт.
Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодааст, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург ато кардааст.
Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст.
Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун, тадбирҳои муассир меандешиданд, ки натиҷаи он ба мо маълум аст.
Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи баркии –оби, на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровони, якдигарфаҳми, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибдавлатӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид.
А.А. Азизов, профессор Ш.Р.Султонов, профессор, Б.М.Займудинов, н.и.т, кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи донишгоҳ


15.02.2020     448
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php