РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегӣ ва нишондоди аслӣ барои пешрафти иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми ягона ва ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ноил гардид. Бо талошу заҳматҳои хастонапазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хонадони ҳар фарди тоҷик пурнуру муҷаллост. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 25 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ бо иқтидори 4 ҳазору 404,35 МВт фаъолият мекарданд, соли 2019 шумораи чунин манбаҳои истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба 306 адад расидааст, ки иқтидори умумии онҳо 6 ҳазору 120,59 МВт-ро ташкил медиҳанд. Бо ба кор андохтани иқтидорҳои нави соҳа Тоҷикистон на танҳо пурра ба исиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад, балки ба як кишвари содиркунандаи энергияи арзон табдил меёбад. Бо мақсади таҳкими истиқлолияти энергетикӣ истеҳсоли энергияи барқ дар кишвар сол то сол зиёд мегардад. Агар дар соли 2000-ум 14 миллиарду 110 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол шуда бошад, соли 2018 дар мамлакат 19 миллиарду 535 миллион киловатт соат неруи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2000-ум 5 миллиарду 425 миллион киловат соат зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Ғайр аз ин имрӯзҳо дар мамлакат бунёди даҳҳо неругоҳҳо, зеристгоҳҳои барқӣ ва таҷдиду барқарорсозии дигар иншооти соҳа бо маром идома дорад. Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. 

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита

Давлатёр Валиев- хабарнигори шуъба

 


14.01.2021     1174
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php