Радиои озодӣ ва як навъ усули ноҷои истифодаҷӯии он аз шиори “озодӣ” ва “демократия” дар Тоҷикистон

Ҳар гоҳ (пайваста) Радиои озодӣ матолиберо ба нашр мерасонад, ки он аз хусумат, бадкешӣ ва фитнаангезии ин ниҳоди хабарӣ дарак медиҳад. Радиои озодӣ ҳамеша мавзӯҳои сиёсиро яктарафа ба баррасӣ кашида, бо баҳонаи гуногунандешӣ ва ғайра ба шахсиятҳои нолоиқ низ ҳатто минбари гуфтугӯ медиҳад. Матолиби онҳоро ба нашр мерасонад ва андешаи онҳоро ба шакле таблиғу ташвиқ менамояд. Ин ҳолат албатта барои на фақат минтақа, балки қора низ хатарзо аст. Чунин тарзи корӣ ва истифодаҷӯӣ аз журанлистика аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки аксари матолиби ин расона барои аҳдофи номушаххаси сиёсӣ, бо чунин шаклҳои номувофиқ пешниҳод гардида, дар дили мардум як навъ бадиро ба вуҷуд меорад. Аз тарзи пешниҳоди мавод ҳатто хонандаи оддӣ ҳам пайхас мебарад, ки ин ниҳоди хабарӣ дунболи аҳдофи сиёсии номувофиқ аст. Аксари мавзӯҳо дар ин расона пешакӣ таҳрезӣ мегарданд, паҳлӯҳои асосии сиёсиаш муайян мешаванд ва таъсиррасонӣ ба аудитория мушаххас карда мешавад. Яъне ин мавзуъ бояд ба кадом навъ баррасӣ гардад. Ҳатто саволҳо дар мусоҳибаҳо ва назарпурсиҳо пешакӣ дар шакли қолабӣ маслиҳатгузорӣ гардида, пурра дар чаҳорчӯбаи сиёсии муайянкардаи онҳо эҷод карда мешаванд. Ин ҳолат аз он дарак медиҳад, ки ин ниҳод аз рӯи нақшаи кашидаи сиёсии ҷонибе фаъолият менамояд. Яъне Радиои озодиро ҳамчун минбари рӯзноманигорӣ бо мақсадҳои гуногуни сиёсӣ истифодаҷӯӣ мекунанд.
Масалан, чанде пеш дар ин расона журналисти он Мирзонабии Холиқзод мавзӯеро ба гунаи сиёсӣ ба баррасӣ кашид. Аз тарз ва усули саволгузории ин рӯзноманигор бармало мегардад, ки дар баррасии мавзуъ ин ниҳод чӣ хусумате ва ё душманиеро дунболагирӣ мекард. Саволҳои ӯ пурра ба шакли сиёсӣ таҳрезӣ гардида буданд: “Оё воқеан Тоҷикистон ба камбудии кадр рӯ ба рӯ аст? Оё дар вақти интихоби кадрҳо аҳмияти сартосарии кишвар ба назар гирифта мешавад, ё ин ки кадрҳо аз як гурӯҳи хурд ва ё як хонавода таъин мегардад? Оё Шумо ин ҳақро ба Президент дода метавонед, ки ҳангоми таъини кардҳо манфиати худро ба инобат гирад? Оё аз рӯи маҳал таъин кардани кадр аз нигоҳи Шумо дуруст аст? Вале чаро ҳамин масъала то ҳол вуҷуд дорад ва даҳсолаҳо идома дорад? Аксарияти роҳбароне, ки ба вазифаҳо таъин шуданд, аз тарҷумаи ҳоли онҳо бар меояд, ки аз ноҳияи Данғара ва ё минтақаи ҷануби Тоҷикистон мебошанд?” ва ғайра, ки ҳадафи ниҳод мазкурро рӯшан мекард. Яъне Радиои озодӣ таҳти шиори “Гапи озод” хиёнат бар озодии воқеӣ ва таҳти шиори “гуногунандеш” хиёнат бар димократия намуда, аз журналистика ва озодӣ истифодаҷӯии сиёсӣ менамояд. Радиои озодӣ худ як навъ бавуҷудоваранда ва тавлиддиҳандаи бемисли муқовимат аст.
Шуъбаи иттилоот робита бо ҷомеа

16.11.2020     221
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php