Паёми Пешвои Миллат, таранумгари ғамхории ҳукумат ба халқи азиз

Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст. Ганҷи миллати мо ин мардуми неку бофарҳанг ва соҳибтамаддун буда, боигарии мо маърифати баланди зиндагии гузаштагони мо мебошад.

Мо Тоҷикон, дар арсаи ҷахон, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар буда, дар сафи мамлакатҳои рӯ ба тараққи қарор дорем. Илму фарҳанги мо тоҷикон аз давраҳои қадими ниёгон то ба имрӯз, қадру қиммати таърихӣ дошта, аз ҷониби Ташкилоти ЮНЕСКО, ҷуъзҳои гуногуни таърихиву фарҳагии мо чун мероси бойи ниёгони ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.

Ин ҳама дурнамои рушди миллии мо, метавон бо бовари гуфт, ки заҳмату меҳнати Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, буда, маҳз бо ташабусси ин марди бузургвор ба амал меоняд.

Паёми Пешвои Миллат, ҳамеша раҳнамову раҳкушои мардум буда, ба хусус барои мо ҷавонон тарбиятгари шахсияти мо мебошад. Паёми Пешво, ин таранумгари гамхориҳои Пешво барои мо мардум аст.

Гуфтаҳои Пешвои Миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо тоҷикон тарафдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмои Миллали Муттаҳид мебошем, бори дигар тасдиқ меекунад, ки мо тоҷикон мардуми сулҳпарвару осоишпарвар мебошем.

Мо ҷавонон бояд дарк созем, ки мардуми мо соҳиби ойину тамаддуни бойю ғанӣ буда, дар ҷомеаи ҷаҳони муосир шинохта ҳастем. Мо вазифадорем, ки ғамхориҳои давлату ҳукуматро қадр намоем ва созандаи оядаи дурахшони Ватан дар арсаи ҷаҳон гардем.

Г.С. Мамадҷонова, мудири кафедраи 

бемориҳои кудаконаи № 1, н.и.т., досент 



15.02.2019     22