Паём роҳнамои ҷавонон!

Паёми имсолаи Пешвои миллат чун паёмҳои қаблӣ таконбахши тарбияи солими насли наврас, ҳамчун ояндаи миллати тоҷик, аст. Аз ҷумла ҳидоятҳои он барои мутолиаи китоб, ки ба ҳама қишрҳои ҷомеа низ равона гардидааст, боиси баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва маънавияти рӯҳонии ҳар фард мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат, имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Аксари кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро ба Тоҷикистон пайвастаанд ва ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлолият аст. Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст, ки ин ҳам бошад самараи неки истиқлолият аст.     

Дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд карда, дарозумрӣ боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин намуда, заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад. Ҳавасмандгардонӣ дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” барои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабӣ ва калонсолон, нашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров қадами устуворест дар ташаккули зеҳнии аҳли ҷомеа.

Роҳбарияти МДТ “Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” барои дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти кишвар барои аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар донишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Олимону донишмандони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ дар шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина, вазифаҳои аввалиндараҷа пурзӯр намудани пойгоҳи модиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он дониста мешавад.

Мо худ шоҳид ҳастем, ки дар самаранокии фаъолияти донишгоҳи тиббӣ таъмини фазои мусоиди корӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии донишгоҳ назаррас аст. Барномаҳои таълимӣ аз рӯи талаботи бозори меҳнат ва меъёрҳои байналмилалӣ аз нав коркард шуда, системаи муосири таълимӣ тибқи ҷараёни Балонӣ ворид карда  шуд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, дар арафаи интихоботи Президенти кишвар ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем. Хушбахтона, дар ин давра ягон донишҷӯи ин даргоҳи маърифат ба ягон ҳизбу ҳаракатҳо дохил нашудааст, зеро эшон хуб дарк менамоянд, ки:

Ҳар ки аз гуфтори ӯ хезад малул,

Қавли ӯро дигарон накнанд қабул.

Донишҷӯён бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худашон аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд!                       

Таибов С.А.,  сардори шуъбаи итилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г. - мутахассиси шуъба


22.09.2020     49