Парчами миллӣ рамзи давлатдорист

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. Онҳо рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд.

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инъикос ёфта буданд. Баъдан, 12 майи соли 2007 Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар мекунад. Яъне пештар низомномаҳои марбут ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидигӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои асосии давлатии   Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқаррар мекунад.

Парчам, Нишон ва матну оханги Суруди миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон матои росткунчаест, ки дар рӯи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, мйдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ, рамзи ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии   Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ, давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон-Парчам ва дертар нишон қабул карда шуданд.

Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккулу ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад.

Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар қисми болоии он таҷассуми паррандаи заррин- мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро доштаанд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.

Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъию нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх- озодиву истиқлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ махсус мешавад, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии ҶТ қабул гардида буд. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллии озод ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буд, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. 

Суҳайлӣ Расулзода  -  доктори илмҳои филологӣ,

профессор, директори китобхонаи донишгоҳ


20.11.2020     126