Падидаи муҳим

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 халқи шарифи Тоҷикистон Конститутсияи кишварро қабул намуд, ки дурнамои пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягона муайян намуд. Дар давлати демократӣ халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, яке аз хусусиятҳои муҳими он интихобӣ будани мақомоти асосии давлатӣ мебошад. Интихобот дар ин низом, яъне низоми демократӣ муҳимтарин падида аст. Барои демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд интихобот муҳим ва арзишманд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дошта, тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани интихоботи президентӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот муҳим арзёбӣ мешавад ва баҳри ояндаи дурахшони давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдат ва амнияти кишвар масъулияти басо бузурги шаҳрвандист.

Ҳамаи мо медонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад. Бо ин назардошт дар пешоруи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот, ташкил ва ба роҳ мондани вохуриҳои судманд бо Ситоди пешазинтихоботии номзадон заминаи муҳиме дар интихоботи президентӣ ба шумор меравад. Зеро дар сатҳи баланди демократӣ ва бо риояи принсипу арзишҳои байналмилалӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурӣ аз сатҳи иштироки интихобкунандагон дар ин маъракаи сиёсӣ вобаста аст.

Гузашта аз ин, шаҳрвандон бояд донанд, ки изҳори иродаи онҳо зимни маъракаҳои интихоботӣ, барои ташкили шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдории миллӣ ва тақдири наслҳои оянда нақши ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, моро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар маъракаи интихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият фаъолона ширкат варзем. Дар пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро кӯшиш намуда, эҳтироми арзишҳои миллӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятиро дар давраи интихобот тарғибу ташвиқ намоем. Инчунин дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдорӣ бетарафӣ ихтиёр накарда, ба ҷонибдории номзади арзандаву сазовор овоз диҳем.                            

Таибов С.А. – сардори шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Муҳидинова М. – шӯбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


05.10.2020     38