Ҷони ширинро фидо кардӣ ба миллат, зинда бош

Аз саҳифаҳои таърих ба хубӣ дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки аз ҳамин рӯзи тақдирсоз тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

 Дар қонунгузории кишварамон бо эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи Президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Инак, рузи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон шахсияти олиму оқил, фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи худ муттаҳид ва дар қалби мардум шӯълаи умедро бедор намуданд. Бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш ва рушду суботи минбаъда халқро ҳидоят намуданд. Ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён низ эътироф намудаанд.

Президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро чун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян карданд. Барои иҷрои ин мақсадҳо тадбирҳое андешида шуданд, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Аз ин сабаб Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон меҳисобанд. Ёдовар шудани соли 1997-ум замоне, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон созишномаи сулҳро бо мухолифин ба имзо расониданд, басанда аст. Ин даврае буд, ки Президент миёни мардум шӯҳрати бузург пайдо кард. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Сулҳ ва ваҳдати комил, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гаштаву ҳисси ватандӯстии халқи тоҷик афзуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Бо ин назардошт Президенти Точикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон дода шудаанд.

Ба ҳамаи ин дастовардҳо мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем. Шахсияти Сарвари давлат - Эмомалӣ Раҳмон чун қисми ҷудонашавандаи ҷамъияти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар буда, аллакай дар афкори ҷамъиятии муосири тоҷик амиқ ҷой гирифтааст.

Бояд гуфт, ки таъкидҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки мо- пиру барноро водор менамоянд, ки тибқи дастурҳои эшон амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодву иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азизамон саҳмгузор бошем.




05.11.2020     280
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php