Оби тоза – омили асосии ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ

Об беҳтарин муҷизаи табиат буда, ҳастии ҳаёти инсонро ташкил медиҳад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз як млрд аҳолӣ аз оби ошомидани маҳрум ҳастанд, 2.5 млрд. аҳолӣ аз истифодаи оби доимӣ танқисӣ мекашанд. Дар 80 давлати дунё оби нӯшокӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза нест. Ин боиси камумрии одамони ин давлатҳо шуда метавонад, чунки экология, муҳит ва тозагии об ин синтези экологияи муосир мебошад. Ба зиёда аз 1, 2 млрд. аҳолии ҷаҳон хушксолӣ таҳдид мекунад. Аксарияти сокинони сайёра аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва хушксолии пай дар пай ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд ва ин боиси фавти онҳо мегардад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҳисоби истифодаи оби ба талаботи меъёрҳои санитарию гегенӣ ҷавобгӯнабуда, ҳамасола беш аз 5 миллион нафар одам аз олам чашм мепӯшанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд. Зиёда аз 3 млрд. инсон аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд.

Таҳлилҳои дар боло овардашуда собит менамоянд, ки яке аз проблемаҳои асосии пайдошавии бемориҳои гуногун дар ҷаҳон маҳз аз ифлосии об сарчашма мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи оби тоза ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистон аз рӯи масоҳат дар дунё ҷои 85-ум, аз ҷиҳати захираҳои обӣ 11-ум, аз рӯи таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷои 8-ум дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия аз рӯйи нишондод дар минтақа мақоми аввалро ишғол менамояд. Умуман 55, 4 % - и манбаъҳои обӣ ва 52 % - и ҳаҷми умумии пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон воқеъ гардидааст.

Таърих ва тамаддуни умумибашарӣ гувоҳ аст, ки тоҷикон қадимтарин маскунони сарзамини паҳновари Осиёи Миёна буда, аз давраҳои қадимтарин нисбати муқаддасоти табиат, бахусус об эҳтироми хоса доштанд. Ин хислати азалии хоси ин миллати бостонӣ дар давраҳои пурпечу тоби таърих аз байн нарафта, то ба имрӯз чун суннати аҷдодӣ омада расидааст. Дар ҷаҳони муосир низ танҳо тоҷикон бо пешниҳодҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳони оиди одилона тақсим намудани оби тоза далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Тоҷикистон, ки сарчашмаи оби тоза дар минтақа ва ҷаҳон аст дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаббус ба миён гузошта буд, ки таъмин намудани дастрасӣ ба обҳои ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, , самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об амалӣ карда шавад. Роҳбари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҷаҳонишавӣ зуҳуроти муаммоҳои экологиро хеле нозукона эҳсос намуда, дар Ассамблеяи Созмони Милалт муттаҳид як зумра пешниҳодҳоро ба миён гузошта буданд. Аз он ҷумла “Соли 2003- Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”, “Соли 2013- соли ҳамкории байналмилаӣ дар риштаи об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба ин мисол шуда метавонанд. Пешвои Миллат дар Паёми хеш низ ба мақоми олии қонунбарори кишвар чанд сол пеш таъкид намуда буданд, ки “..Мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро бе об намемонем”. Чунин ташаббусҳо ва суханони хайрихоҳона нисбати ҳамсоякишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки тоҷикон бо фарҳанг, тамаддун ва хиради азалии ориёии хеш бунёдкору созанда буданд ва минбаъд низ хоҳанд монд. Чанд моҳ пеш низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Тоҷикистон оиди “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хушхабар дода барқияи табрикотии Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба номи роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон фиристода шуда буд, ба мардум муборакбод намуда буданд. Ба ин хотир мехостам, ки суханони сардори давлатро оиди сарзамини биҳиштосоямон ёдовар намоям, ки гуфта буданд: “Тоҷикистон, алҳақ, неъмати худодод, як муҷизаи табиат, як пораи биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надоранд”.

Чуноне, ки дар боло таъкид намуда будем, ки оби тоза сарчашмаи ҳаёт буда, бе он ягон мавҷудоти зинда ҳаракат кардан наметавонад. Ибтидою интиҳои ҳаёти инсон дар рӯйи олам ба воситаи истифодабарии об сипарӣ мегардад. Ба андешаи мутахассисон саломатию дарозумрии инсонҳо низ ба поку мусафо нигоҳ доштани оби нӯшоки вобаста аст. Муҳимтарин ҷараёнҳои биологӣ, ҷуғрофӣ ва иктишофию ҷустуҷӯии геологӣ бе иштироки об ба амал намеоянд. Об дар табиат дар се ҳолат дучор мешавад: сахт, моеъ ва бухор. Аз ҳамин сабаб об нафақат дар уқёнусҳо, баҳрҳо инчунин дар хушкӣ дарёҳо, кӯлҳо обанборҳо, ботлоқҳо, пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ дар қабати поёни атмосфера дида мешавад. Ҳамаи онҳо якҷоя қабати оби заминро ташкил медиҳанд, ки онро “Гидросфера” меноманд. Обҳои сатҳи замин на фақат ба ҳолатҳои гуногун инчунин ба таъму лаззати онҳо: шӯр, талх ва ширин мебошад. Оби уқёнусҳо ва баҳрҳо шӯр мебошад, 2,5 % -и оби сатҳи замин оби ширин аст. Дар об қариб ҳамаи моддаҳо ҳал мешаванд. Дар олами ҳастӣ барои об иқлим дар ин ё он минтақаҳо хатарҳо таҳдид мекунад ва бештар хушксолиҳо меорад. Ин хушксолиҳо оқибат одамони ҳамон минтақаҳоро ба касалиҳои гуногун гирифтор мекунад ва бисёр вақт аз нарасидани оби ошомиданӣ онҳо ба марг дучор мешаванд. Ин дар мисоли бештари мамлакатҳои биёбони материки Африқо баъзе солҳо дар қисмати ғарби Осиё мебошад. Масалан пай дар пай хушксоли дар Ҳабашистон, Судон, Нигерия ва чанде дигар давлатҳои ҷаҳон. Бисёр вақт аз набудани оби нӯшокӣ бисёр аҳолии ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ обоҳои ифлоси ношоямро истифода мебаранд. Ин боиси ноустувории зиндагӣ ва эпидемияи касалиҳои гуногун мешавад. Аксарияти кӯдакони ин минтақаҳо аз касалиҳои сироятии гуногун вафот мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои илми тиб беобшавии организм кӯдаконро ба касалии сироятии дарунравию беобшавӣ оварда мерасонад. Барангезандаи ин беморӣ дар рӯда афзоиш ёфта, бо аломатҳои заҳролудшавӣ ва дарунравӣ сурат мегирад. Бештар дар кӯдакони навзод ва хурдсолон эширихиозҳои энтеропаатогенӣ паҳн мешаванд, ки сабабҳои зиёд аз ҷумла риоя накардани беҳдошти шахсии модар ва нафароне, ки ба нигоҳубини кӯдакони навзод ва хурдсол машғуланд. Баландшавии ҳарорати бадан, гум шудани иштиҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, азлаи моеи лучобдор нишонаҳои ин беморӣ маҳсуб меёбанд. Нишонаҳои асосии беморӣ камобшавии бадан, ки чашмони чуқуррафта, ки баъзан коҳида низ мегӯянд, мебошад. Танҳо як бемории сирояти аз камобшавӣ дар бадан чи қадар нишонаҳои марговарро дар кӯдакон нишон медиҳад.

Хуни инсон, ки таркиби асосии онро об ташкил медиҳад аз заррачаҳои сафеди хун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритротситҳо) иборат мебошад. Лейкоситхо ба системаи иммунӣ тааллуқ дошта, организми инсонро аз микроб ва вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд. Вале вируси норасоии масъунияти бадан бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Барон ҳамин системаи худмуҳофизатии одам суст мегардад. Он қадаре, ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад.

Бисёре аз мутахассисон ва бахусус олими ҷавон Сафоев Абдумаҷид дар мақолааш бар он ақидаанд, ки инсоният дар давоми зиндагонии худ «мубориза барои об» мебарад. Об нишондиҳандаи пиршавии инсонҳо мебошад. Таркиби бадани кӯдак аз таваллуд то синни як солагӣ 80-85% аз об иборат аст, дар ҳолати расидан ба синни 18 солагӣ таркиби об то ба 65-70% ва дар пиронсолӣ то ба 25% мерасад. Аз ин рӯ, барои таъмин намудани организми инсон бо оби босифат ва бо миқдори кифоягӣ зарур аст, ки ҷараёни мубодилашавии оби сифатнокро баробар нигоҳ дорем. Аз сифатнокии об сифати ҳаёти мо вобастагӣ дорад. Об аз рӯи муҳимият моддаи дуюмин баъд аз кислород барои организми инсон мебошад. Маълум аст, ки аз 2/3 ҳиссаи таркиби бадани инсон аз об иборат аст ва беҳуда нест, ки инсон то 4 шабонарӯз метавонад бе хӯрдани ғизо умр ба сар барад, аммо бе об на зиёда аз 7 шабонарӯз.

Инсон нақши калидии обро дар ҳаёти худ ба назар намегирад, то он даме, ки ба он доимо дастраси дошта бошад, аммо агар таи якчанд соат аз об маҳрум бошад, пас қиммати онро дарк мекунад. Мо ба зуди ҳангоми тағйир ёфтани об дар бадан онро дарк менамоем. Мисол, дар ҳолате, ки то 2%-и об аз бадани инсон ихроҷ мегардад, пас шахс ташнагиро ҳис мекунад, дар сурати 6-8% ҳолати мадҳуширо ҳис мекунад, дар сурати 10% нарасидани об дар бадани инсон нишонаҳои таваҳҳумӣ (галлюцинация) пайдо мегарданд ва дар сурати 12% мавҷуд набудани об инсон мемирад. Аз ин хотир мутахассисон бар он ақидаанд, ки барои инсони солим меъёри истеъмоли ҳаррӯзаи об бояд то ду литрро ташкил диҳад. 

Бемориҳои ба об ва наҷосат вобаста ба гуруҳҳо ҷудо мешаванд.; аввалин он беморие, ки ба воситаи микробҳо (патоген) ва дуюмин ба воситаи партовҳои кимиёвии бо об омехташуда пайдо мешаванд. Гурӯҳи аввалро «сироятшави аз об» меноманд, ки ин боиси пайдоиши бемориҳо дар мамлакатҳои тараққикардаистода, аз ҷумла Тоҷикистон (мисол, бемориҳои дарунрав) мегардад. Гурӯҳи дуюм «Бемориҳои ҳангоми бо об омехта шудани партовҳои кимиёви», ба монанди фторид (зиёд шудани фторид дар таркиби оби нушоки- элементи кимиёвие, ки аз гази беранги бӯяш тез иборат аст), марги муш (мавҷуд будани марги муш дар таркиби оби нӯшоки) ва метамодогобинемия, яъне таваллуд шудани кӯдакони кабуд (аз сабаби баланд будани миқдори нитрат дар оби ошомидани) сар мезананд, сабабгори қариб 50 бемории сирояткунанда мегардад. Қисми зиёди бемориҳои сирояткунанда ва паразити, ба монанди домана, дарунрав, зардпарвин, вабо ва гиардиасис дар натиҷаи бо об омехта шудани микробҳо паҳн мешаванд. Бемориҳои аз об пайдошавандаро аз рӯи сирояташон чунин тасниф кардан мумкин аст: 1. Бемориҳои аз об пайдошаванда 2. Бемориҳои бо об шусташаванда 3. Бемориҳое, ки асосашон об аст 4. Бемориҳое, ки сирояткунандаи асосиашон ҳашаротҳоянд.

1. Бемориҳое, ки дар об пайдо мешаванд: Ин ҳамон вақт рух медиҳад, ки бактерияҳои сирояткунанда ба оби ошомидании инсон меафтанд ва дар охири ташаккулёбии ин бактерияҳо, яъне зиндашавии он, шахс бемор мешавад. Ба чунин бемориҳо домана, вабо, дарунрав, исқоли хунин ва монанди он дохил мешаванд.

2. Бемориҳое, ки дар натиҷаи нарасидани об пайдо мешаванд: Ин ҳолат ҳамон вақт сар мезанад, ки об намерасад. Агар миқдори об кифоя бошад, дараҷаи сироятшави пасттар мегардад. Бемориҳои сепсиси пӯст (яъне ба тамоми бадан сироят кардани микробҳои бемориоваранда), хоришак ва яраҳои пӯст, инчунин бемориҳои сирояти чашм ба ин гурӯҳ дохил мешаванд. Онҳое, ки ҳар рӯз сарашонро мешӯянд ва либосашонро иваз мекунанд, ба бемориҳои аз шабуш ва кана пайдошаванда гирифтор мешаванд. Онҳо метавонанд инчунин ба бемории варачае, ки ба воситаи шабуши бадан ба одам сироят мекунад, дучор шаванд.

3. Бемориҳое, ки асоси пайдоишашон об аст: Ин ҳамон вақт руҳ медиҳад, ки оби нӯшоки бактерияҳои сирояткунанда дошта бошад. Мисоли чунин бемори кирме, ки дар зери пӯст инкишоф меёбад, мебошад.

4. Бемориҳое, ки сабагорашон ҳашаротҳо мебошанд: Ин бемориҳо ба воситаи ҳашаротҳое, ки дар об тухм мегузоранд ё дар наздикии манбаи об неш мезананд, пайдо мешаванд. Бемориҳои табларза, варачаи денге аз ҳашаротҳое, ки дар об тухм мегузоранд, пайдо мешаванд. Оби аз манбаҳои кушод ба монанди ҷӯйбор, дарё, канал ва ѓайраҳо барои нӯшоки бехатар нест, зеро он бо партовҳои ҳайвонот ва одамон омехта гардида, ифлос мешавад. Нӯшидани чунин об сабабгори бемориҳои дарунрав, исқоли хунин, домана, вабо ва зарпарвин мегардад. Ҳатто агар об аз манбаи тозаи оби нӯшоки дастрас шуда бошад ҳам, дар ҳолати дуруст нигоҳ надоштан, нодуруст истифода кардан он ифлос мегардад. Об бояд аз манбаи оби тозаи нӯшоки ба монанди қубури зеризамини, обкашаки дасти ва ё чашмае, ки болояш маҳкам аст, гирифта шавад. Даруни зарфи обгири пеш аз пур кардани он бо об бояд тоза шуста шавад. Оби нӯшоки бояд дар зарфи аз замин баландтар нигоҳ дошта шавад, то ин ки ҳайвонот ва кӯдакони хурдсол онро ифлос накунанд.

Мавзӯро бар асоси далелҳои дар боло овардашуда ҷамъбаст намуда ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст.

1.     Об манбаъи ҳаёт буда бе он зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.

2.    Ташаббуси Тоҷикистон оиди “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баёнгари шинохти узви ҷомеаи ҷаҳонӣ будани кишвар мебошад

3.    Эҳтиром нисбати ин неъмати худодод ва ҳамкориҳои дӯстона бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мероси ниёгони тоҷикон ба ҳисоб меравад.

4.     Оби тоза ҳақиқатан гарави саломатӣ буда, пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ мебошад.

5.   Тоҷикистон метавонад дар ҳамкориҳои хеш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти оби тоза саломатии инсониятро таъмин намояд.

6.    Табибони тоҷик дар асоси дастовардҳои илмии хеш метавонанд бойгарии миллат – саломати ва манбаи асосии он оби тозаро ташвиқу тарғиб намоянд. 

Шуъбаи тарбия


11.11.2020     96