Неруи барқ - манбаи нуру зиё

Шароити ба миён овардаи бемории коронавирус вазъияти хушксолиҳои дунё, гармшавии иқлим паст, шудани сатҳи обанборҳо имсол тамоми дунёро таҳдид намуд ва боиси мушкилиҳои зиёд  дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум гашт. Аз ҳамин лиҳоз, барои дар фасли зимистон аз хунукӣ эмин доштани аҳолии кишвар, зарурат пеш омад, ки давлати мо чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Мардум хуб медонанд, ки ин масъалаи глобалӣ аст, имрӯз дар тамоми дунё  иқлим гарм шуда, обҳо мехушканд ва сарфи беҳудаи барқ, яъне исроф ҳаром аст зеро: 

Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст!

Сарфа бинмо, ки аз он гармии хону нон аст! 

Ягон кишвари дунё  тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонд ва аҳолии кишвари мо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ  аз 5млн ба 9 млн расиду саноатикунонии  ҳама соҳаҳо босуръат идома дорад. Истифодаи самарабахши неруи барқ  њамчун яке аз беҳтарин  воситаи сарфаи барқ  ва буҷаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату Ватани худро дар ихтиёр доранд”.  Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин хушбахтии миллати тоҷик – истиқлолияти давлатӣ доштани он имкон дод, ки дар ин даврон мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳои миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои садсолаҳои оянда ва барои наслҳои минбаъдаи ин миллати куҳанбунёд таъмин созем. Дар замомни шуравӣ аҳолӣ кам буд ва мардум то ин дараҷа шароити хуб аз истифодаи асбобҳои барқӣ надоштанд. Хушбахтона, имруз ҳама шароит муҳаёст, танҳо маърифати баланди истифодаи неруи барқро доштан лозим! Маҳз бо ташаббус ва саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз байн бардошта шуд. Аммо самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Мутаассифона, тариқи ТВ Тоҷикистон шоми 21.12.2020   навореро нишон доданд, ки боиси озурдахотирии содиқони Ватан гашт. Навор аз дуздиҳои барқ ва сарфаи беҳудаи он дарак медод. Наход маърифати пасте дошта бошем, ки манфиати хешро аз манфиати давлату миллат боло гузорем ва боиси торикии хонадони дигарон гардем.

Истифодаи мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимми стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Агар хоҳем, аз нерӯи барқ  мунтазам истифода бурдаву  дар фасли сармо ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи он зарурият пайдо нашавад, бояд ба исрофкорию дуздии он роҳ надиҳем. Нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода намоем, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хонаву кошонаамон ҳамеша  гарму фурӯзон бошанд. 

Нозирони Барқи тоҷикро зарур аст, нисбати истифодабарандагоне, ки ба камбудиҳо роҳ медиҳанд чораҳои қатъӣ андешида,  зарари ба буҷаи  давлат овардаи эшонро  барқарор ва назоратро пурзӯр намоянд:

 Сахтгӯйро сухани сахт ба ислоҳ орад,

 Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад. 

Таибов С.А.  -  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 Муҳидинова М.  -  шуъбаи иттилоот ва робита бо бо ҷомеа  


22.12.2020     220
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php