НБО-и Роғун равзанае ба ояндаи дурахшони миллат.

Иншооти НБО-и Рогун ин майдони набарди ҳар як фарзанди фарзонаи миллат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва оянди дурахшони Ватан буда, саҳмгузор будан дар ин набард вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бо нангу номус ва соҳибиродаи миллат мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти хаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт.
Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон нерӯи барзиёди барқи худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Айни замон, баъди 28-соли соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ҳам ҳанӯз мушкилоти энергетикӣ дар Ватанамон ҳалталаб боқӣ мондааст. Ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО-и Сангтудаи-2 низ наметавонанд ин проблемаро ба пуррагӣ аз байн баранд. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини Роғун аст.
НБО-и Роғун аз 6 чарха иборат буда, дар суррати пурра ба кор андохтани он солона то 17 миллиард киловат – соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ин на танҳо ҷумҳуриамонро аз бӯҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медиҳад, ки як қисм нерӯи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад ва таконе барои иқтисодияти кишвар мегардад. Роғун ин манбаи нур аст, зеро он Тоҷикистонро ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.
Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерӯгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари бисту хаштсолаест, ки ба мисли Фарҳоди кӯҳкан синаи куҳи Хороро мешикофад, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро мебанданд, кишвари худ ва минтақаро Чароғистон мегардонанд.
Дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”.
Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат чархаи аввали ин нерӯгоҳ санаи 16-уми ноябри соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард ва оғози фаолияти чархаи дуюм ҳадяи арзендае барои халқи тоҷик дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти кишвар арзёбӣ гардид.
Мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёди рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло бошад, ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст. Баҳри чароғонии хар хонадон, коргоҳу муасиссаҳои моро мебояд бо амри дили виҷдон дар ин кори хайр ҳиссагузор бошанд. Зеро НБО-и Роғун натанҳо равшангари рузғор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хоҳад буд.
Ташаббусҳои созанда, иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номус, ватандӯст бобати саҳмгирӣ дар бунёди нерӯгоҳ имрӯз ба натиҷаҳои дилҳоҳ боис шуда истодааст. Хулоса, фардои дурахшони Тоҷикистону тоҷикистониён аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Мардуми мо дорои нерӯи бузургу иродаи тавоност ва ин нерӯгоҳро месозад. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.
Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кушиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориву мамониахоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Бунёди НБО-и Роғун дар саҳфаи таърихи миллат дар қатори дигар корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат мавқеи хосаи ишғол хоҳад намуд.
Мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №1
н.и.т., дотсент Боймуродов О.С.
Асистетнти кафедра Расулов А.Ғ.

18.09.2019     166