НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Таърихи ҳар як халқу миллат бо фарзандони сарсупурдаи он қадр карда мешавад. Таърихи инсоният чунин шахсиятҳои барҷаста- мисли Наполеон Бонапарт- дар Фаронса, Михаил Кутузов, Иосиф Сталин, Владимир Ленин –дар Руссия, Франклин Рузвелт дар ИМА ва ғайраро то кунун дар хотир дошта, перомуни фаъолияти сиёсӣ ва ё корнамоии онҳоро ба риштаи таҳқиқ кашида дар бораи онҳо асарҳову мақолаҳои зиёде навишта шудаанд, ки то ҳол дар тамоми дунё аз он ҳамчун ҷасорату мардонагӣ, ифтихори ватандорию шуҷоат ва хештаншиносӣ дарси ибрат меомўзанд.

Дар таърихи ҳар як халқу миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо кору фаъолият ва пайкори некашон дар таърихномаи он кишвар бо хатти тиллоӣ абадан сабт мегарданд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ бо таърихи пурғановаташон бе мислу монанд ҳастанд. Дар ҳифзи истиқлолияти сиёсии ин миллати бостонӣ шахсиятҳои бузарг ба монанди, Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафурову Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва ҳазорон дигарон фарзандони фарзонаи миллат ҷон бохтанд. Дар пойдории илму фарҳанги тоҷик саҳми фарзандони дигари он аз қабили Рудакию Фирдавсӣ, Синою Наршахӣ, Ҷ. Балхӣ, К. Хуҷандӣ ва дигар олимону шоирон калон буд ва ин абармардони таърих кохи фарҳангеро бунёд намуданд, ки аз тобу бориши таърихӣ зиёне наёфта буд. Теғу шамшери миллати тоҷик танҳо қоғазу қалам буд ва ин имкон дод, ки пояи мустаҳками ин мардум дар давраҳои пур печутоби таърихӣ аз зарби теғи хунини аҷнабиён шикаста нашуд.

Хушбахтона баъди асрҳои бедавлатӣ офтоби бахт ба рӯи ин мардуми дар тӯли таърих азияткашида хандида, истиқлолияти сиёсиро ба даст оварданд. Истиқлолияти воқеии кишвар барои халқи тоҷик фарзанди фарзонаеро тӯҳфа намуд, ки ӯ ба захми миллат дору гардида, онро аз нав эҳё намуд. Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ба арсаи ҳокимият омадан такягоҳ ва ояндаи миллату давлатро дар ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон дида буданд. Насиҳатҳои падаронаи Ҷаноби Олӣ саршор аз ифтихори ватану ватандорӣ буда, ба пос доштани таъриху фарҳанги бойи миллат равона гардида буд. Дар ин бора роҳбари давлат ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда буданд, ки « Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиёти нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шӯҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шӯҳратманд гардонанд ва дар назди оламиён исбот созанд, ки онҳо вориси аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамию Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камол Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддини Айнӣ мебошанд».

Оре, ин суханони сарвари давлат ганҷинаи пурбаҳое аз мероси ниёгон аст, ки ҳанӯз ин бузургони ҷаҳони маърифату сиёсат онҳоро дар асарҳои безаволашон ҷой дода буданд. Ҷаноби Олӣ омӯхтани гузаштаи кишварро вазифаи муқаддаси ҷавонон маънидод намуда, аз он бунёд кардани ояндаи кишварро таъкид менамуд: «Мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдоритамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо наҷот ёфта, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем, дар зери Парчами Тоҷикистон гирд омада, истиқлолияту якпорчагии Ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеш гирем ва давлати воқеан мутамаддин бунёд намоем».

Ифтихор намудан бо шахсиятхои бузурги гузаштаи миллатро низ Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар шарҳ дода иброз дошта буданд, ки «Номи миллатро аслан фарзандони бо нангу номусаш зинда медоранд ва ҳар боре, ки ба роҳи паймудаи миллати хеш бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки бузургони ҳар давру замон чун ҳалқаҳои як занҷир бори миллатро бар дӯши худ кашиданд. Ин занҷир аз овони «Авасто» - ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшаҳои монӣ, бо сурудҳои оташкадаҳои Балху Суғд, бо шеъри Рӯдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, бо саъю талошҳои тақдирсози С. Айнӣ, Б. Ғафуров ва М. Турсунзодаву Турсун Улҷабоев то ба имрӯз расидааст».

Бо чунин ниятҳои нек роҳбари давлат боз ҳам ба фаъолияти ҷавонони кишвар баҳои баланд дода, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар иброз дошта буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад» ва таъкидан сарвари кишвар гуфта буданд, ки «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Пас хулоса бояд кард, ки ба ин насиҳатҳои падарона бояд бо чашму маърифати аҷдодӣ назар андозем ва он вақт пай бурда метавонем, ки мо ки ҳастем ва ба куҷо равонем. Имрӯз ҷавонон ва мардуми кишвар аз он ифтихорманданд, ки дар сари давлаташон вориси Исмоили Сомонӣ- фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон истодааст ва ба ояндаи дурахшони ин кишвари дар тӯли таърих азобдида бо чашми умед менигаранд. 

Андар тани миллати куҳан ҷон омад,

Бо ҳукми Худову амри Яздон омад,

Аз баъди ҳазор сол навмедиҳо,

Сомонии нав ба тахти Сомон омад.

 Шуъбаи тарбия


04.11.2020     45