НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳқиқи осори гузаштагони мо беш аз пеш густариш меёбад. Таърихи муосири тоҷик дар марҳалаи кунунии худ бахусус дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо ниёз бештар ба тадқиқотҳое дорад, ки дар онҳо арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолияти кишвар, ифтихор аз таърих ва фарҳанги аҷдодӣ бояд мавқеи асосӣ гирифта дар баъзе ҳолатҳо саҳифаҳои норавшани таъсироти хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили ифротгароӣ, терроризму экстримизм ва дигар пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор гиранд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷикро дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо фарзандони сарсупурдааш аз тохтутозҳои ғосибонаи аҷнабиён ҳифз намуда, ганҷинаи бостонии фарҳанг ва тамаддунро ба наслҳои оянда ба мерос гузошта буданд.

Истиқлолияти Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки миллати дар тӯли таърих азобдидаро аз нав эҳё намуда буд ва сарзамини аҷдодиро барқарор карда, ба халқи тоҷик умри дигарбораи озодиро баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ бахшида буд. Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ дар таҳкими мавқеи ҷавонон низ саҳми арзанда гузоштааст. Роҳбари давлат имрӯзу фардои Ватанро бар дӯши ҷавонони кишвар вогузор намуда, дар Паёми имсолаи хеш ба мақоми олии қонунбарори кишвар иброз дошта буданд, ки « Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Пешвои миллат арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонмардонаи насли замони истиқлолият шуморида, изҳор намуда буданд, ки «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҳои нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шӯҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шӯҳратманд гардонанд ва дар назди оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамию Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камол Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд».Гуфтаҳои роҳбари давлат дорои тарбияи ахлоқӣ буда, бахусус роҳи дурахшони ояндаи миллату давлат дар онҳо таҷассум ёфтааст. Бояд гуфт,ки тарбияи ахлоқӣ дар ниҳоди ҳар фарди бо ору номус шӯълаи маърифатро фурӯзон менамояд ва он албатта натиҷаи дилхоҳро ба бор меорад. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият ва дар замони паси сар гардидани даргириҳои сиёсӣ роҳбари давлат дар мулоқоти худ ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда буданд,ки «Боиси хушбахтист, ки шумо ҷавонон баъди паси сар намудани имтиҳону озмоишҳои шаддиди зиндагӣ бо умеди тарҳирезии ояндаи нек инҷо ҷамъ омадаед, Ҳадафи ман аз суханронӣ дар ин ҷо ҳушдор сохтани шумо ҷавонон аз хатогиҳои гузашта мебошад, ки шумо бояд сабақ омӯзед дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳид бошед ва ваҳдату якдилиро пеша намоед. Чунки дар оянда маҳз аз байни шумо ҷавонон пешвои сиёсӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо, вазорату муассисаҳо ба камол мерасанд».

            Баъди 25-соли иситиқлолияти кишвар (соли 2017) роҳбари давлат ба ҷавонони кишвар баҳои баланд дода, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бо қаноатмандӣ изҳор намуда буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо , яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу аҳлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад».

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ зиёда аз як ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок намуда аксарияти онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Даҳшатовар он аст, ки барои ҷавоне, ки дар фазои ороми кившари хеш ба дунё омадаасту кору зиндагӣ дорад, минбаъд ҷониби марг метозад ва дигар барояш Ватан, забон, миллат ва падару модар вуҷуд надорад, балки интиҳор, инфиҷор, фаъолияти терористӣ, хушунату тундгароӣ, ифротгароӣ ва қатлу куштор муқаддас ва арзишманд мегардад.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хабарии ҷаҳонӣ,дар соли 2017 беш аз 5000 зану духтар дар асорати салафияҳои ДИИШ қарор доранд. Забҳи инсон аз ҷониби муҷоҳидони хунхори ДИИШ ҳамчун омили исломӣ муаррифӣ мегардад, ки ин кирдор бар хилофи Қуръон ва дигар қонунҳои байналмиллалӣ мебошад. Танҳо як салафияи ДИИШ бо номи Абу Анас Алибӣ беш аз 105 зани ҳомиладор ва духтаракони ноболиғ ба далели он, ки мухолифат бо «Ҷиҳоди никоҳ» намудаанд, дар шаҳри Фаллӯҷа куштааст.

Пешвои муаззами тоҷикон Эмомали Раҳмон ҳанӯз аввали солҳои 2008 дар суханрониҳо ва вохуриҳои худ бо аҳли ҷомеа аз хатари «Салафия» ҳушдор дода буданд. Роҳбари давлат дар ҷаласаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз хатар ва пайёмадҳои хушунатабори «ДИИШ» ҷомеаро хабардор намуда, иброз дошта буданд, ки «ташкилотҳои экстеримистии ДИИШ-ӣ барои дастёбӣ ба силоҳи қатли ом дар ҳолати набард бо давлатҳои Ироқу Шом қарор доранд. «ДИИШ» ташкилоти дастҷамъонаи терористӣ ва экстремистӣ аст, ки хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи башарӣ дорад».

Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ аввалин сиёсатмадори ғамхорест, ки бидуни ғараз аз қавмеву миллате сухани ба манфиати аҳли башар мезанад. Маҳз ҷавононро ба таълимоти арзишманди дини мубини Ислом даъват менамояд ва барои худдорӣ аз бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ ҳидоят менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои Исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои Ислом густариш ёфтааст».

Ҷавонони кишварро имрӯз зарурияте ба миён омадааст, ки дар баробари чунин ғамхориҳо масъулияти дучандро бояд ҳис намоянд ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоянд ва кишвари ободу озодро ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


12.10.2020     733
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php