НАҚШИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ТИБ ВА ФАЛСАФА

Дар Паёми  хеш Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арҷгузори ба таъриху фарҳанги пеурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик  диққати аввалиндараҷа дода ба ҷавонон ояндасозони Ватан махсусан таъкид намуданд, ки “Мо ки будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”. Дар пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат фарзандони  фарзонаи миллат А. Рудакӣ, А. Фирдавсӣ, Ибни Сино, А. Берунӣ, Н. Хусрав, К. Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ саҳми босазое гузошта буданд. Яке аз чунин олимони машҳур, шоир, файласуф, таърихшинос, табиби машҳури машриқзамин ва зодаи модари тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд, ки дар олами илм нақши арзанда гузоштааст.

Абӯали  Ибни Сино тахминан  дар соли 980  дар деҳаи   Афшана  ( дар райони  Бухоро)  аз оилаи   амалдор яке аз девонҳои   давлати  Сомонӣ  таввалуд   ёфт,   вай   маълумоти нисбат ба он   замон  ниҳоят ваъсе ро  ҳосил  намуда , чунон  ки   худ мегуяд,   ҳануз дар сини  ҳаждаҳсолаги  ҳамаи  илмҳои   замона, аз он ҷумла  тибро  омухта  буд.

Махсусан   омӯхтани адабиётҳои  доир  ба  риштаҳои   мухталифи  илму   фан   дар  китобхонаи  машҳури  Сомониён ,  ки  ба  туфайли    муолиҷа  кардани   амир  Нӯҳ  ибни  Мансур       Сомонӣ  ба   он ҷо  роҳ  ёфта,   аксарияти  вақти  худро  ба  мутоила    китобҳои  он  сарф мекард.  Абӯали  Ибни Сино  ки табиби  номӣ   ва  фарзанди шахси  доранда  ба шумор  мерафт ,  даставвал  ба  ин  хазинаи   дониш   роҳ наёфт.   Баъди  табобати  подшоҳ   Нӯҳ  Ибни  Мансури  Сомонӣ   ба ӯ рухсат  доданд,   ки  дар  китобхона  илм  омӯзад,   ки. Сино  дар  тарҷумаи   ҳоли  хеш   сохти  китобхонаро  чунин ёдовар  шудаст: “ Ман ба   иморате   дохил  шудам  хонаҳои зиёд   дошт. Дар  ҳар як  хона  китобҳои  пур аз китобро  бар  болои  якдигар   ниҳода   буданд.  Дар  як  хона  китобҳои  арабӣ  ва девонҳои  шуаро  ва  дар   хонаи   дигар     китобҳои   дин   ва  фиқҳ  ва ҳамчунон  ҳар хона  шомили китобҳои  ҳар   соҳае  буд.  Ман   феҳрасти  китобҳои  муаллифони   қадимро  хостор   шудам  ва китобҳо ,  ки  ниёзманди   онҳо   будам, хостам    ва он   ҷо  китобҳое   дидам ,   ки  ҳатто  номи он  бар  бисёр  касон  номаълум  буд   ва аз   он пас  чунин  ҷамомади   китобҳоро   дар  ҳеҷ ҷо  надидаам.”  Дар  ҳақиқат  нодиртарину  ноёфтарин  адабиёти  адабиёти  ҷавонӣ    дар  китобхонаи   Сомониён маҳфуз   буд. Вақте ки давлати Сомонӣ   ба таҳдиди  Қарахониҳо   ва ҳамлаи султон   Маҳмуди   Ғазнавӣ  дучор гардид,  Абӯали  маҷбур   мешавад  Бухороро  тарк  намояд.  Аз  ҳамин  лаҳза  давраи дуру  дарози  саргардониҳои ӯ , ки  боиси таъқиботи    султон   Маҳмуд буд, сар  мешавад.  

Ин  солҳо  барои Абӯали   Ибни  Сино  давраи хеле пуркорӣ буданд.  Вай  ба  табобат  ва дарсгӯи   машғул  мешуд,  вазири   ҳокими  Ҳамадон   буд  ва айни   замон , асарҳои   бисёр  таълиф  менамуд.  Абӯалӣ  Ибни  Сино  донишманди   ҳартарафа:  файласуф, табиб, шоир  ва арбоби   сиёсист

Абӯали   Ибни   Сино  яке  аз   бузургтарин  мутафаккирони   тоҷику    форс  буда,  дар  таърихи    тамаддуни  башарият   мақоми   ба  худ  хосе  дорад. Ва  ин   тасодуфи   нест,  чунки  ӯ  бо  осори  гаронбаҳои   худ   маъданияти  ҷаҳониро  ғанӣ    гардонд.

Ягон соҳаи фане набуд,  ки ин энсиклопедисти аҷоиби халқи тоҷик   дар асрҳои   X-XI  онро наомӯхта бошад.

Китоби   ӯ  “Ал – қонун   Фи-т-тиб” беҳтарин   асар дар  илми  тиб буда, дар  давоми   шаш  асри  ҳамчун дастур   барои  духтурон ва   китоби   дарси барои  мактабҳои   тиби тамоми  Европа   хизмат кардааст.  “Ал-қонун” дар Европа   чандин маротиба  ба забони лотинӣ   ва дигар  забонҳо   нашр   гардидааст.

Ибни   Сино дар шарқ   ва ғарб чун  бузургтарин   файласуфи  замон   шӯҳрат пайдо   кардааст. Асари   энсеклопедистии  Ибни  Сино “Китоб-уш-шифо”   ки  дар  хусуси   мантиқ,  табиатшиносӣ,  метафизика    ва риёзиёт  баҳс  менамояд   ва “Донишнома” ки ба  забони   тоҷики   навишта  шуда,  маъсалаҳои   оид ба   мантиқ,    илми табиат, фалсафа  ва   нуҷумро  дар  бар  мегирад,  дар қатори   “Ал- қонун”   ва  дигар асарҳои   ӯ  аз беҳтарин ёдгориҳои асри  X-XI  ба  шумор мераванд.

 Ибни  Сино  дар омухтани   меросҳои   файласуфонӣ   қадим, махсусан  Арасту  , ҳамчун  пайрави   муқарари набуда,  балки ба  эҷодкорона   инкишоф  додани    ғояҳои  онҳо сай   мекард.

Ҳарчанд   Сино кушиш мекард   ва ё  маҷбур  мешуд   ақидаҳои  пурмулоҳизаи  худро  аз ягон   ҷиҳат  мутобиқи  аҳкоми   шариат   ифода  намояд, ки ин боиси  дуият  ва номустақили  ӯ  гардидааст,   вале, бо вуҷуди   ин,  асли   моҳияти  фалсафаи   ӯ ҳамчун  пешқадамтарин  сухани машоия   ба шумор   мерафт.  Вай бар   хилофи   аҳкоми  динӣ  оид ба  офариниши олам   абадияти   дунёро эътироф   намуд:  баръакси   ҳукми  шеъри   роҷе  ба  сарнавишти   илоҳи   таълимоти   қонуни  сабабиятро  дар  табиат пеш   мебурд.  Дар айни   замон , Абӯали  Ибни Сино   мавҷудияти  худро  эътироф   карда  ва маҳвумоти   замони худ, рамзи     арқом  ва  монанди  инҳоро    ҳақ  надошта      дар  мавқеи  дуият  монд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар амали намудани супоришоти роҳбарияти олии сиёсии кишвар саҳмгузори намуда истодааст ва бахусус омӯзгорони ҷомеашиноси донишгоҳ ҳама вақт омода ҳастанд, ки барои ташвиқу тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати миллат, дар бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз ватандустиву ватанпарастӣ дар байни ҳамкасбони хеш ва инчунин донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат фаъолона иштирок намоянд. Табибони мо набояд фаромуш кунанд, ки ин касби пурифтихор мерос аз ниёгони тоҷикон аст ва бояд ифтихор дошт ки табибони тоҷик ворисони нахусттабиби рӯи олам Зардушт ва китоби муқаддаси ӯ “Авасто”, ворисони табиби оламшумул Абӯалӣ ибни Сино ва “Алқонун” и ӯ, ворисони Закариёи Розӣ ва ҳазорон фарзандони дигари миллати куҳанбунёд ба ҳисоб мераванд.  Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки Донишгоҳи мо бешубҳа давоми нахуст донишгоҳи тиббии мардуми ориёитабор “Гунди Шопур” ва “Савонулҳикмат” и аҳди Сомониён мебошад. Аз ин рӯ омӯхтани таърихи миллат на аз рӯи ихтисос, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди бо ору номуси ватан мебошад, зеро ҳама чиз аз таърих сарчашма мегирад.

         Мо бояд ҳаматарафа омода бошем, ки ватани аҷдодии хешро ҳифз намоем, таъриху фарҳанги пурғановати он ва забони онро арҷ гузорем.

Шуъбаи тарбия


21.10.2020     2690
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php