МУБОРАКҚАДАМУ МУБОРАКСИМО САРВАРИ МО

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Бояд гуфт ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардида, бо ҳамин тақдири худро бо тақдири халқу Ватани хеш пайвастанд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ ва дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ҳамаи мо ба хубӣ дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Чуноне, ки ҳангоми суханронии худ ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “ Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус руҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳакам ва азми қавӣ қадам гузоштам.   Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”. Аз ана ҳамин рӯзи тақдирсоз тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд. Ин аст, ки 15 апрели соли 2016 “Рӯзи Президенти Тоҷикистон ”-ро Парлумон тасдиқ кард ва ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ Президенти давлатро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки ба халқ такя кардаву исбот намуда, ки хизмати Ватан барояш арзиши олӣ дорад. Бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмат ба халқу миллат омода аст ҷонашро нисор кунад. Бале, Эмомалӣ Раҳмон ҳамонест, ки халқ якдилона интихобаш кардааст. Пешво аст. Ӯ ҳамон Президенти мардумист, ки пайғоми сулҳро барои миллати тоҷик ҳадя овард, сулҳе, ки   маргро ба зиндагӣ табдил дод. Сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст. Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада имрӯзҳо ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар бо як ҷаҳон эътиқоду боварии бузург сарнавишти миллат ва тақдири мамлакатро маротибаи   панҷум ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуданд. Ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Бидуни шак, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз бузургтарин хизматҳои Пешвои миллат барои Тоҷикистон мебошад. Зеро, Сарвари давлат масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намуда, чун кафили амнияти давлат амал кардаанд. Роҳбари мамлакат решаи ваҳдати миллиро дар амонӣ ва хайрхоҳии кулли афроди миллат дарёфтанд. Онро дар пойгоҳи худшиносии миллӣ ва пос нигоҳ доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат, гузаштагони баору номус таҳким доданд.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Пешвои миллат собит намудаанд, ки халқи тоҷик ва тоҷикон аз азал мардуми сулҳдуст ва башардӯст буда, некӣ ва арзишҳои инсониро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо кулли давлатҳову кишварҳои дунё ба арши олии муқаддасот мегузорад. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳувияти миллии хешро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

 Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


16.11.2020     266
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php