Мардуми мо бетараф нест!

Дар замоне,ки ҷомеаи ҷаҳониро пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 зери хатар гузоштаасту башарият атрофи пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои нохуши он тадбир меандешанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он дар баробари чораҳои зарурӣ андешидан бар муқобили бемории COVID-19, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад. Гурӯҳи 24”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” намехоҳад, ки аҳолӣ босавод шавад, ҳуқуқи марду занҳо баробар шавад, дар идоракунии Давлату Ҳукумат халқ иштирок кунад. Онҳо асосан мардуми бесаводро зери ниқоби дин аз пайи худ мебурданд. Саркардагони “Гурӯҳи 24”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва дигар ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернет сиёҳ нишон медиҳанд.
Онҳо аз диндории мардум, аз зудбоварию булҳавасӣ, аз паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд.. Саркардагони ин гуруҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон хоинони ватану миллатро ҷамъ оварда мехоҳанд корҳои ифротии худро зери фармонҳои хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд. Мақсади эшон бо шиорҳои дар роҳи дин, ҳимояи номус ва ғ.ба миллату ватан хизмат накарда, заҳмат накашида, бо роҳи осон аз хоҷаҳои хориҷии худ маблағ ба даст овардан аст. Шукргузор аз онем, ки имрӯз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем.
Имрӯз ҳар як фарди худогоҳ вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда ҳеҷ гоҳ бетарафи зоҳир нанамояд!
Таибов С. А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

18.05.2020     309
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php