Маориф муҳимтарин соҳаи рӯзгори мост

Маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Вазорати маориф дар амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маърифати ҷомеа саҳми бузург мегузорад. Фарогирии саросари наслҳои ҷавону наврас ба мактаб, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарбияи мутахасисони тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва муассисаҳои таълимию илмӣ ва фарҳангӣ маҳсули заҳмати кормандони маориф ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Инро ба ҳисоб гирифта соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карданд. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 дар рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва боло рафтани савияи донишу малакаи хонандагон нақши муҳим бозид. Ва хушбахтона, ин раванд имрӯз низ идома дорад.

Дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷӯҳи бештар зоҳир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ мекунанд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, сипас дар миқёси ИДМ ҳамчун соли инноватсия қабул гардид. Қафо намондан аз давлатҳои аз ҷиҳати техникӣ пешрафта, ҳадафи ягонаи хукумати кишвар аст ва аҳамияти бештар додан ба илм, техника, инноватсия, техналогияи нав низ дар ҳамин аст. Аз ин ру, зарур аст, ки маърифати техникии ҷомеа баланд бардошта шавад.

Маҳз тавассути заҳматҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Нуриддин Саид ин соҳаи муҳим рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Бунёди мактабу дабистонҳо ва пешбурди маорифи кишвар аз ин инсони шариф вобастагии калон дорад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ чун бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, кадрҳои илмӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои илмиву эҷодии худ боиси ифтихори ворсиони Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва миллати куҳанбунёди тоҷик гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд намуда буданд, ки ... “агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем”.

Вобаста ба ин, дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-татқиқотии (ОМИТ) донишгоҳ ва 27 озмоишгоҳҳои кафедраҳо барои донишҷӯён, олимони ҷавон ва ҲПО-и кафедраҳои донишгоҳ ҳамаи шароитҳо ва маводҳою таҷҳизотҳо баҳри гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ муҳайё карда шудааст. Озмоишгоҳи Марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дорои 6 бахш, аз ҷумла озмоишгоҳои клиникӣ ва биохимиявӣ, морфологӣ,    психофизиологӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ ва виварий мебошад. Инчунин ҳуҷраҳои таълимӣ ҷойгир шуда, бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд ва дар онҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, эксприменталӣ ва таълимӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, дар ҳамаи кафедраҳо фаъолияти маҳфилҳои “Ҷамъияти илмии донишҷӯён” ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳ барои амалӣ намудани нақшаи “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020» ва ҳалли мушкилоти соҳаи илми тибби ҷумҳурӣ аз тамоми имконоти хеш истифода мебарад.

  

                                                       Зуҳра Турсунова,

                                         мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


15.02.2019     55