Маълумоти беасоси Радиои Озодӣ

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, яке аз беморие, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш даровардааст ин бемории сироятии короновирус COVID-2019 мебошад, ки дар охири моҳҳои декабри соли 2019 ва саршавии соли 2020 ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумортҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ барои пешгири намудани ин вабои аср дар тамоми ҷумҳурӣ чорабиниҳои профилактикӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст. Бо назардошти пешгирии ин беморӣ тамоми мутахасисони соҳаи тиб ҷалб гардида, дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ фаъолияти худро оиди пешгирии ин беморӣ бурда истодаанд. Инчунин, аз тарафи мутахасисони соҳаи тиб барномаҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати ин беморӣ дар байни аҳолӣ ва бо воситаи ахбори омма низ таҳия шуда истодааст.
Новобаста аз оне, ки тибқи маълумотҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тиб, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ пешкаш мегардад то имрӯз дар Тоҷистон ягон ҳолати бемории кароновируси COVID-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва он маълумотҳое, ки дар сомонаҳои интернети нашр мегарданд, ягон асоси воқеӣ надоранд. Чуноне, ки дар санаи 6-апрели соли 2020 аз тарафи сомонаи Радиои Озодӣ, ки гуё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғди як шаҳрванди ин минтақа ба бемории кароновирус гирифтор шуда фавтидааст далели воқеӣ надорад ва мо аз аҳолии ҷумҳурӣ хоҳиш бар он менамоем, ки ба ҳамаи ин маълумотҳои бардуруғ ва беасос бовар накунанд, ба воҳима дода нашаванд, чунки солимии ҳар як шаҳрванд дар зери назорати Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон буда, ҳамарӯза он чорабиниҳои ҷиддие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешавад, бо мақсади шешгирии ин беморӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон равона карда шудааст.
Мудири кафедраи беҳдошт ва экологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Ҳасанов Ф.Ҷ. , н.и.т., дотсент, Бобоев А.Б., профессори кафедраи беҳдошт ва экологияи донишгоҳ, д.и.т.

07.04.2020     143