Covid-19

Падидаи баде, ки ҷаҳонро зери хатар гузоштаасту башарият атрофи пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои нохуши он тадбир меандешанд, коронавирус мебошад. Ин беморӣ зери суол мебарад, ки коронавирус чисту аз куҷо пайдо шудааст ва таъсири он ба инсон чи гуна аст, то кадом ҳад он хатарнок аст ва чӣ гуна аз он бояд худро муҳофизат намуд?
Табибон асоситарин омили пайдошавии коронавирусро аз хурдани ҳайвонҳои хазанда ба шумори муш, мор ва куршапарак медонанд. Ҳоло дар тамоми дунё тадқиқоту таҳқиқотҳо дар мавриди пайдоиши бемории мазкур идома дошта, бархе аз олимон пайдоши онро бо роҳи табиӣ ва иддае аз дигар мутахассисон бо роҳи сунъӣ ба ақоид додаанд. Табибони чинӣ нуқтаи назар намудаанд, ки шахсони гирифтору мубталошудаи ин беморӣ аз 49 сола то 90 сола мебошанд. Аз ин маълум мегардад, ки ин вирус бештар ба шахсоне, ки ҷисман заиф ҳастанд, бештар хатарнок аст ва бояд ин нафарон зиёдтар эҳтиёткор бошанд. Аз ахбороти ҳамарӯза дар мавриди ин беморӣ маълум мегардад, ки шумораи гирифторшавӣ ба ин вирус дар ҳоли хуруҷ аст.
Имрӯз,ки ин бемори ба ватани мо омадааст,ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар баробари ин ҷоннисориҳо дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гарданду ба ҳар гуна иттилову ҳангомаҳои беасосу бардуруғи бадхоҳони миллат дода нашаванд.Тибқи маълумоти оморӣ дар дунё дар ду моҳи охири соли ҷорӣ аз оғози саршавии бемории коронавирус беш аз 144 ҳазор нафар, шамолхӯрӣ қариб 70 ҳазор, табларза зиёда аз 140 ҳазор, дар натиҷаи худкушӣ беш аз 153 ҳазор, садамаҳои нақлиётӣ 193 ҳазор, майзадагӣ 358 ҳазор, сигоркашӣ 716 ҳазор нафар вафот карда, инчунин дар як сол аз бемории саратон 1 миллиону 177 ҳазор, зукоми мавсимии А, В, С то 600 ҳазор ва илтиҳоби шуш то 6 миллион нафар одамон вафот мекунанд.
Дар ҳоле ки дар баъзе аз кишварҳо ҳар шабонарӯз 600-800 нафар одамон ба ҳалокат расиданд, баъзе ҳамватанони мо ба риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мутахасисони соҳа барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон чораҷӯӣ карда, ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма мардумро аз хавфи коронавирус огоҳ намуда, барои пешгириву табобати ин беморӣ дар мамлакат тавсияҳо медиҳанд.
Табибону мутахассисони соҳа тавися медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли рӯкаш намуданӣ узвҳои нафаскашӣ, шустани дастон пеш аз истеъмоли ғизо ва дигар талаботи тавсиявӣ.
Пандемия (аз юнони pandemia- оммаи халқ) эпидемияе, ки боиси сирояти васеи аҳолӣ, гурӯҳи мамлакатҳо ва пайдо шудани вирусҳои нав ё бемориҳои сироятие, ки бо сабаби набудани масунияти аҳолӣ ба амал омада, боиси фавти зиёди инсонҳо мегардад. Пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд. Манбаи касалии гузаранда шахси бемор ё шахси солими паҳнкунандаи беморӣ буда, ба муҳити атроф микроорганизмҳо ҷудо мекунад, ки ба воситаи ҳаво ҳангоми атсазанӣ, сулфидан, истифодаи ашёҳои умумӣ, бо маҳсулоти хӯрокӣ ва об, бо даст салом кардан, бӯсидани якдигар ба организми одамони сиҳат роҳ меёбанд. Агар одамон иммунитет паст дошта бошанд, бемории сирояткунанадаи оммавӣ – эпидемия сар мезанад. Дар бисёр ҳолатҳо 85% иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кӯмак мекунад ва коронавирус низ истисно нест. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан лозим. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯй бусӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯш ва ҷӯшонидашуда нӯшед. Одамоне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо ҳастанд ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.
Дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд ва чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодаанд. Сару садоҳое, ки атрофи паҳн шудани ин беморӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби чанде аз нотавонбинон баланд мегардад, ҳеҷ воқеияте надоранд ва набояд ба онҳо бовар кард. Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи эҳтимолии COVID-19 тамоми чораҳоро меандешад.
Таибов С. Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъба.

22.05.2020     480
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php