КОНСТИТУТСИЯ-КАЛИДИ ГАНҶИ САОДАТ

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон санаи бисёр муқаддасу пурифтихор маҳсуб меёбад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мавриди аввал барои таъмин намудани ҳуқуқу озодӣ, муайян намудани вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд шароити мусоидро фароҳам овард.

Моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин падида хусусияти муайяни таърихӣ дорад. Пеш аз Истиқлол чунин як конститутсияи моҳиятан миллӣ дар мамлакат мавриди амал набуд. Дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати қабули Конститутсия, ки дорои ҳадафҳои ояндасоз бошад, пеш омад. Ҷомеа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пеш омад. Мардуми тоҷик марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демокаратӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандиро оғоз намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик мебошад, ки он заминаи ҳуқуқии бунёди давлати озодпарвару соҳибихтиёр, ифодаи ормонҳо, ҳимояи ҳадафу манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Дар ин санади муҳими таърихӣ соҳибихтиёрӣ, Истиқлол, тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забон, рамзҳои давлатӣ, шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии давлат комилан сабт шудааст. Рамзҳои муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия дарҷ шудааст, ки тибқи он Забони тоҷикӣ забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.

Бо назардошти ин метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиноснома ва бахтномаи миллати сарбаланди тоҷик аст. Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон пояҳои Истиқлоли давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ тақвият бахшид ва чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман муаррифӣ кард. Имрӯз бо бовари комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи мақсад ва инкишофу пешравии давлату давлатдории муосири тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа бағоят нақши муҳим дорад. Конститутсия қонуни олии мамлакат буда, дар он азму иродаи мардуми Тоҷикистон оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани давлат муқаррар шудааст. Яъне, дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мо муайян гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз оне, ки Истиқлоли давлатиро ба даст оварду ҳуҷҷати тақдирсоз, қонуни асосии мамлакат-Конститутсияро қабул намуд бо тақозои замон ва бо дарназардошти дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ, рушду нӯму ва тағир ёфтани муносибатҳои навини ҷомеа ба он се маротиба тағийру иловаҳо ворид гардид. Тағийру иловаҳои 26-уми сентиябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида тақозои вазъи кунунии он даврон ва масоили ҳаёту саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз кирдорҳои ғайриқонунӣ буд. Вобаста ба пешравию дигаргуниҳои ҳаёти сокинон ва ҷомеа санаи 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ворид гардид, ки   барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кардани сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

Боиси қайд аст, ки дар асоси Конститутсия низоми қонунгузории мамлакат рушд ёфт ва заминаҳои бештари ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон муҳаё гардид. Бунёду таҳкими давлатдории миллӣ бо назардошти муҳимияти марҳилаҳо ва иҷрои ҳадафу мақсадҳои гузошташуда, ҷараёни минбаъдаи таъмини рушди босубот, таҳкими пояҳои демократикунонии ҷомеа, такмили идоракунии самараноки давлатӣ  ва низоми мавҷудаи муносибатҳои ҳуқуқиро тақвият бахшид. Конститутсия қонуни асосии мамлакат буда, асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва иқтисодии давлат, шакли идоракунӣ ва сохтори давлатӣ, вазъи ҳуқуқии шахсият, тартиби ҳуқуқии шахсият, тартиби ташкил ва ваколатдории мақомоти ҳокимияти давлатиро дар марказ ва маҳалҳои ҷумҳурӣ ташкил намуда, принсипҳои асосии адолати судӣ ва доираҳои интихоботиро аниқ менамояд. Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои қонунгузорӣ, ки системаи ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳад, мартабаи олии ҳуқуқӣ дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои халқи тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа,  ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб мераванд. Меъёрҳои он ба ташаккули соҳаҳои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории мамлакат мусоидат намуда, дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ мавқеи назаррас доранд. Маҳз дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул карда шуданд. Ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар мамлакатамон амалкунанда дар маҷмуъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу озодиҳо вазифаву уҳдадориҳо низ доранд, ки бояд аз онҳо бархӯрдор бошанду бо масъулияти шаҳрвандӣ иҷро намоянд.

Шаҳрвандони мамлакат дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёт, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, дахлнопазирӣ, озодии сухан, оиладор шудан, ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ доранд. Ҳамчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баробарии ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам оварда, иштироки озодонаи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад. Аз се як ҳиссаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳиои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки давлат ба он кафолат дода, масъулияти мақомоти давлатиро дар ин самт боз ҳам пурзур мегардонад. Ҳамчунин, ба масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа асосҳои қонунӣ гузошт.

Риояи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Халқи тоҷик дар таърихи давлатдорӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон–шиноснома, бахтномаи миллат ва сарнавишти худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст ва мо бояд бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкорона ин санади тақдирсозро як ҷузъи таркибии ҳадфҳои миллӣ дониста, риоя намоем, зеро устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдории ҷомеа ва давлат буда, устувории ҷомеаву давлат асоси пойдории Конститутсия мебошад. 

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Валиев Д.- хабарнигори шуъба

 


04.11.2020     45