Истиқлолияту озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст

«Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад»

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мардуми кишвари мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.

Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои сарвари давлати мо аз қабили соли оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳоӣ ёфтанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои барқӣ - обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид. 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд. Баъди заҳматҳои зиёд, аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад. Ба истифода додани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд.

Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Пешвои муаззами миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Ба наздикӣ масҷиди бузурги Душанбе ба истифода дода мешавад.

Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Турсунова З. -   мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


04.09.2020     23