Қиссаҳои зиндагӣ

“Ба номи он ки дил кошонаи ӯст,
Фалак гарди матои хонаи ӯст.”

Дар кӯҳистони дӯрдаст мӯйсафеди рӯзгордидае,ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва зиндагияшро бо меҳнати ҳалоли хеш мебурд,ҳар пагоҳӣ барои овардани ҳезум харсавор аз болои кӯҳҳои Марғак мегузашт. Дар яке аз чунин рӯзҳо, тасодуфан чашмаш ба чор дарахти чормағз бархӯрд,ки аз ҳосили бисёр шох хам намуда буданд. Ба фикри ҷамъ намудани ҳосил назди дарахтон омад. Ин дам як рафиқи сарватмандаш ба хотири ӯ расид. Ҳарчанд молу давлати зиёд дошта бошад ҳам, аммо дар саховат дасташ кӯтоҳ аст. Мӯйсафед андешид, ки боӯ якҷоя меоему чормағзҳоро мечинем.Шояд ҳангоми сафар ба ӯ барои дастгирии ятимону бепарасторон қиссае гӯям,ки таҷрибаи рӯзгорашро дигар созад ва ӯ ҳам саховатманд шавад.Ҳамон рӯз ба назди рафиқаш омаду қиссаро ривоят намуд ва ҳарду аҳд намуданд,ки якҷоярафта чормағзҳоро мечинанд.Рӯзи дигар ҳарду харсавор ҷониби чормағзҳо раҳсипор шуданд. Бобои Зайнидин, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, хотироти зиёде аз он даврон дошт ва бо қиссаҳои ширинаш миёни мардуми деҳа маъруф гашта буд. Ин аст, ки рафиқи хубу чақчақӣ ба ҳангоми сафар буд.
То расидан ба мавзеи чормағзҳо аз муҳорибаҳои фронтҳои -1 ва 2-и Украина ҳикоят менамуд, аммо рафиқаш хаёлаш сӯи дигар банд буд. Бобои Зайниддин ин вазъиятро пай бурда, барои ҷалби диққати ҳамсафараш гуфт: медони Ғанӣ, мо вақте,ки Будапештро озод намудем,воқеае бо ман рух дод,ки хулосаи ҳаёту зиндагии ман шуд.
-Ман дар замони ҷанг контрразведчик хизмат намудаам ва дар он замон ҳангоми наздик шудан ба назди хонаи сарватманде дар Будапешт ҳодисаеро дидам,ки то ҳол фаромӯш карда наметавонам.Он марди азимҷӯсае буд. Ҳангоми аз манзилаш баромадан мо назорат доштем,ӯ аз оби дари хонааш як қатра нӯшиду ба ҳар тараф назар андохта сандуқеро бароварда мехост пинҳон намояд.Дар ҳамин ҳолат аз дӯр садои аскарони шӯравиро шунида,безобита шуд. Сандуқро гузошта бо забони хеш чизе бо овози баланд гуфту фарёде кашиду ҷон дод.Ман гумон кардам,ки ӯро парондаанд, аммо вақте ба наздаш омадам, дидам,ки дар вуҷудаш ягон захм надошт, ба худ хулоса баровардам,ки давлату пули зиёд боиси хубахтии инсон шуда наметавонад ва аз одамизод танҳо одамгарӣ мемонаду халос.
-Эҳ додари акаш, -оҳи сарде кашида суханашро давом дод мӯйсафед. Мо барои ватан ҷони худро дареғ намедоштем, аз марг ҳам наметарсидем,ҳоло бархе аз ҷавонон аз хизмат мегурезанд,шахсони содиқ ҳам кам мондаанд, мо як пора нонро чор нафар мехӯрдему шикоят намекардем, вале афсус ҳоло....
Дар ҳамин ҳолат амаки Ғанӣ гӯё ки чизеро намешунида бошад, -ман пештар равам,ки шикамам тоб дод,- гуфта суръати ҳаракати маркабашро тезонид. Бобои Зайнидин оҳиста-оҳиставу оромона ба назди чормағзҳо расиду дид,ки рафиқаш дар як чормағз харашро баста, дар дигараш ҷомаашро овехта,дар сеюмаш хурҷинашро гузошта, ба чорумаш,ки калонтарин буд, баромада, алакай такида истодааст. Мӯйсафед аз ин кори ҳамсафараш ба ҳайрат афтода, лаҳзае хомӯш монд ва баъдан хост ки яке аз чормағзҳоро битакад. Аммо Ғани фарёд за да таъкид кард, рав аз ин ҷо намебинӣ ман инҳоро“зайнит” кардаам!
Мӯйсафед,- майлаш додар,- гуфта, болои санге нишасту зери офтоби тобон ба андеша фурӯ рафт,мудате ҳам хобаш бурдааст.Ӯ аз хоб бедор шуду дид,ки алакай Ғанӣ ба чормағзи дигар гузаштааст, аз ҷояш хеста аз баски дар бадан ва сараш замони ҷанг тирхурда буд, доруеро аз кисааш бароварда ба таги забонаш партофту бо овози баланд хандид.

-Чи механдӣ, девона
- гӯён корашро давом дод Ғанӣ.
-Мисраҳои гуфтаи бузургон ба ёдам омад,ки гуфтаанд: ”Чашми ҳирси масти дунёдорро, ё қаноат пур кунад ё хоки гур”.

Пас ба назди чормағзи такидаи рафиқаш,ки дарахти калони байнаш кушода буд омаду,дид ки даруни кунда аз поён маҳкамаст,фаҳмид ки дар он ҷомӯш барои замистонаш захира кардааст.Рафта борхалтаашро оварда дар поёни хонаи мӯш дошту бо нуги таёқаш,ки оҳани тези ханҷармонанд буд аз поён кундаро шикофт. Дар ҳамин ҳолат аз даруни кунда он қадар чормағз рехт,ки ду борхалта пур шуд. Борхалтаҳоро ба хар бор намуда хост, ки ҳаракат намояд.Рӯз бегоҳ шуда буд.Ғанӣ дид, ки мӯйсафед майли рафтан дорад, аз дарахт фаромада ба зорӣ гузашт,ки маро интизор шав,чун дер шудаст, гургон маро мехуранд.Бобои Зайнидин бо тамкину солорӣ гуфт: 
-Ғами рӯзӣ нахӯр Бедил, мазан авроқи дафтарро, 

Ки пеш аз тифл Холиқ пур намуд пистони модарро. 

-Ту насиби маро ё каси дигареро ҳеҷ гоҳ хурда наметавонӣ мо ҳамеша дуо менамоем, ки Худованд ҷамъиятро парешон накунад аммо ту ва ту баринҳо танҳо барои нафси хеш аз ҷамъияту дӯстию бародарӣ фаромӯшед, -гуфта назараш ба бехи кундаи чормағз афтиду “нигоҳ кун”- гуён манзараи аҷиберо ба Ғанӣ нишон дод. Дар бехи чормағз мӯшро диданд,ки дар ҳолати ногуворе гирди дарахт тоб мехӯрду девонавор ҷои истоданашро намеёфт. 
-Инро нигаред,ба ки шабоҳат дорад,
-аз Ғанӣ пурсон шуд. -Ба мӯш, -бо зарда ҷавоб дод Ғанӣ. 
-Не, ин ба ҳамон бойи Будапешт ва дар оянда ба ту шабоҳат хоҳад дошт, зеро, ки...,
-гуфта хомӯш монд. Ҳарду шоҳиди он гаштанд,ки дар пеши назарашон мӯш ба ногаҳ тоб хурда афтиду мурд. 
-Мо ҳама мирандаем, ман надидаам,ки ягон инсон тобути худро бардошта бошад,ё ягон халта чормағз ҳамроҳаш ба он дунё бурда бошад, ин ҳодисаи дидаат ва ин гуфтаҳо шояд,ки бароят дарсе шаваду дунёпарастиро камтар намоӣ,-гуфта бобои Зайниддин ҷониби хонааш роҳ гирифт.
Таибзода Саидшоҳ Аюбӣ, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

03.04.2020     180