Интихобот – ифодаи иродаи халқ

Маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо мамлакат дар арафаи он қарор дорад, аз ҳар як шаҳрванди кишвар маданияти баланди сиёсӣ ва дониши баланди ҳуқуқиро талаб менамояд. Моҳияту хусусиятҳои интихобот дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оварда шудааст: “Ҳар инсон ҳақ дорад дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро мақсади хеш қарор додааст. Бо ҳамин мақсад рӯй овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузург ва инкишофи ҷомеа дар Тоҷикистони соҳибистиқлол амри зарур мебошад.

Дар айёми интихоботӣ фаъолияти сиёсиву таълимии халқ авҷ мегирад. Иштироки одамон дар интихобот маънои ҷонибдории системаи сиёсӣ, режими сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷомеаро дорад. Дар чунин ҳолат шаҳрвандон имконият доранд, ки вазъияти ҳамаҷонибаи дирузу имрузи кишварро аз пеши назар гузаронида, ба воситаи иштирок дар интихоботи навбатӣ барои ояндаи кишвар ҷонибдории тараферо дошта бошанд, ки дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар саҳм гузошта метавонад.

Иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд буда, он бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудаву амалӣ гардад. Тибқи талаботи моддаи 65- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки синнашон ба 18 расидааст ва сарфи назар аз мансубияти ҷинсӣ, миллӣ, нажодӣ, забонӣ, эътиқоди динию сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулкӣ метавонанд дар интихобот ширкат варзанд ва Президентро ба муҳлати 7 соли оянда ба тариқи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб намоянд. Бинобар ин шаҳрвандонро зарур аст, ки дар асоси дониши ҳуқуқӣ амал намуда, вобаста ба ин масъалаи муҳими сиёсӣ мунсифона муносибат намоянд.

Дар асоси Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихоботи умумӣ ба ду гурӯҳи асосӣ: интихоботи фаъол ва ғайрифаъол тақсим карда мешавад. Ин навъи қонунгузорӣ дар асоси тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шарҳ дода шудааст:

Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштироки шахсонеро, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд дар интихоботи Президент манъ намудааст, ки ин амали қонунгузор принсипи ҳуқуқи интихоботи умумиро халалдор намекунад.

Принсипи ҳуқуқи интихоботи мустақим дар он ифода меёбад, ки дар интихоботи Президент ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи интихоботи фаъол бархурдоранд, мустақиман (бевосита) иштирок мекунанд, яъне шахсан овоз медиҳанд.

         Ҳуқуи интихоботи баробар чунин маъноро далолат менамояд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, дар интихоботи Президент дар асоси принсипи баробарӣ иштирок намуда, дорои як овоз мебошад. Ҳар як интихобкунанда танҳо ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешавад ва дар интихоботи Президент як маротиба овоз медиҳад. Иштироки интихобкунандагон дар асоси принсипи баробарӣ, инчунин аз тариқи манъ муайян намудани ягон имтиёз барои интихобкунанда ва ё гурӯҳи интихобкунандагон таъмин мегардад.

         Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки барои ҳар як шаҳрванд бидуни фишор ва ба тариқи баробар интихоботи демократию озод фароҳам оварда шудааст. Яъне ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ё ғайридавлатӣ ҳуқуқ надорад, ки аз ягон ҷиҳат ба интихоби шаҳрванд таъсир расонад. Махфӣ будани овоздиҳӣ имкон медиҳад, ки интихобкунандагон бе иштироки миёнрав ё намоянда ба тариқи фардӣ қарор қабул намоянд.

Шуъбаи тарбия

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ


10.09.2020     16