ИЛЛАТИ БОФТАҲОИ МИЛКИ ДАНДОН ВА НЕСТ КАРДАНИ БӮЙИ ДАҲОН

С.А.Таибов.О.С. Аюбов, С.Т. Тохтахоҷаева, Кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳимият: Солҳои охир муроҷиати беморон бо хунравӣ аз милки дандон ҳо ва бадбӯии даҳон зиёд шудааст. Мутаассифона баъзе аз стоматологҳо барои табобат танҳо аз линкомитсин ва аскарбинка истифода мебаранд, гарчанде дар стоматологияи муосир намудҳои гуногуни табобат вобаста ба ташхис вуҷуд дорад. Дар тибби халқӣ низ, вобаста ба ташхис ва миҷози беморон намудҳои гуногуни табобат ва пешгирии ин гуна бемориҳо мавҷуд аст.
Мақсад: Ҳамоҳангсозии тибби халқӣ бо тибби муосир, ташхиси дуруст мондан ва табобати дуруст намудани беморон.
Сабаби дарди пай дар пайи дандон гуногун аст - гоҳ аз гармию гоҳ аз сардӣ, гоҳи дигар, агар кирм хурда бошад, аз сурохи бавуҷудомада ба асаби дандон чизҳои ғайр мерасад ва боиси дард мешавад. Ҳар дард сабабу нишонаю аломатҳои хоси худро дорад. Дард аз гармӣ бошад, ҳангоми оби хунукро дар даҳон гирифтан дард сокин мешавад, вале агар сабаби дард сардӣ бошад, ба даҳон оби гарм гиред, дарди дандон таскин меёбад. Дар ҳолати эҳсос кардани аломатҳои зикрёфта сабаби дарди дандон ба зудӣ муайяну маълум мегардад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки аз ғалабаи хун ё аз афзудани балғам дардро муайян кардан имконпазиру осон аст. Сабаби дард ғалабаи хун бошад, дардаш шадид, даҳон талх ва дигар аломатҳои сафро ба амал меоянд. Агар сабаб бисёршавии балғам дар даҳон бошад, дардаш паст, оби даҳон зиёд ва дигар аломатои балғам зоҳир мегарданд.
Парадонт. «Парадонт» калимаи юнонист, пара - назд, ё милки дандон буда, маънои иллати бофтаҳои милки дандонро дорад. Дар аснои гирифтор шудан ба он канораҳои барҷастаи алвеолии ҷоғ кавок шуда, боиси ҷунбонак шудани дандонҳо мегардад.
Касалии парадонтоз, махсусан дар мавридҳои зерин инкишоф меёбад: ҷисми одам гирифтори ягон касалии умумӣ, ба мисли захми меъда ё рудаи дувоздаҳангушта, норасоии хун ба мушаки дил, касалии қанд бошад; нобаробар будани хизмати дандонҳо, ҳангоми тановул, бештар дар шахсоне, ки баъди афтидани баъзе дандонҳояшон сари вақт дандони сунъӣ намемонанд: санги дандон (хусусан дар зери милк) бисёр шуда бошад; дандонҳо эҳтиёт ва парвариш карда нашаванд, яъне пайваста тоза карда нашаванд, тарзи ҳаёти солим халал ёбад, масалан ба кӯи майпарастӣ афтидан.
Агар бемор саривақт, дар ибтидои пайдоиши касалии парадантоз, ҳеч набошад дар марҳилаҳои авҷ гирифтанаш дар пайи табобат нашавад, бинобар хароб шудани бофтаҳои қисми алвелолии ҷоғ ҳамаи дандонҳояш мерезанд. Дандонҳо ба дараҷае беқуввату лиққонак мешаванд, ки бемор бо дасти худаш ҳам ба осонӣ канда метавонад.
Дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои касалии парадантоз ҳатман ба духтури стоматолог муроҷиат кунед.
Сирро бирён карда ба дандон монед, дарди дандонро таскин мебахшад, инчунин дандоне, ки хурда шуда бошад, беҳтару мустаҳкамтар мешавад, ба шарте ки сабаби дарди дандон аз сардӣ ё аз бод бошад.
Решаи зуфро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон ду - се маротиба бигардонед, ё ин ки решаашро бихоед, дарди дандон тез сиҳат хоҳад шуд.
Хамиртурушро ба дандони дардманд гузоред, дарди онро таскин медиҳад.
Тухми гулхайриро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳон гардонед, агар сабаби дарди дандон аз гармӣ бошад, онро таскин мебахшад.
Қиёми зиркро дар об ҳал карда, онро дар даҳон гардонед, дарди дандонро аз байн мебарад.
Донаи гандум барин қиёми зиркро бо шароб якҷоя бихуред, дарди дандонро шифо мебахшанд.
Бо оби решаи офтобпараст даҳонро чайқонед, агар сабаби дарди дандон аз сардӣ бошад, фоидаовар аст.
Оби кашнизи тар дарди дандонро таскин медиҳад.
Реша савсани кӯҳиро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонед, дарди дандонро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо медиҳад.
Қаланфури гарданро бихоед, дарди дандонеро, ки сабаби он сардӣ бошад, шифо мебахшад, инчунин милки дандонро мустаҳкам мекунад.
Кокутиро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳон гардонед, дарди дандонро, ки аз сардӣ бошад, таскин медиҳад.
Сузанбаргҳои санавбарро дар об ҷӯшонида, ба он об сирро даромехта, даҳонро чайқонед, дарди дандонро таскин медиҳад.
БӮЙИ ДАҲОН НЕСТ МЕШАВАД, АГАР...
• Пӯсти лимӯ бӯйи даҳонро нобуд месозад, беҳтар мебуд агар онро бихоед, меъдаро барои ҳазми хӯрок қавию муътадилу солим нигоҳ медорад. Бартарии дигараш он аст, ки бӯйи сирпиёзро пурра аз даҳон мебарад ва даҳонро хушбӯй мекунад. Махсусан лимонак ё ниёзбу бӯйи нохуши даҳонро маҳв ва даҳонро муаттар менамояд.
• Хурдани шафтолу низ бадбӯйии даҳонро нест мекунад, инчунин оби хори хасаки тарро бо асал даромехта, бо он даҳонро чайқонед, бадбӯйии даҳонро аз байн мебарад.
• Қаланфури гарданро майда карда бихоед, бадбӯйии даҳонро рафъ, даҳонро хушбӯю тоза месозад.
• Самари сарвро куфта майда кунед ва онро бо асал омехта карда бихуред, бӯйи дандонро хушк мегардонад.

16.05.2020     74