ФОЗИЛОНИ НАКӮНОМ НАМИРАНДААНД....

6 майи соли 1996 олими шинохта, доктори илми тиб, профессор, академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Минҳоҷ Ғуломов бераҳмона ба қатл расонда шуд.
Минҳоҷ Ғуломов олиме буд дар айни камолот, ситорае буд дар дурахши умр, вале сад афсӯс, ки умр вафо накард, аниқтатараш душманони миллат ва хоинони бераҳм нагузоштанд боз эҷод кунаду самараи умр диҳад, давлати пирӣ ронаду аз самараи боғи умраш роҳат бинад, ҳайҳот!.
Ин олими тавоно 3 сентябри соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо “Дипломи аъло” хатм намудааст
Солҳои 1952 - 1954 Минҳоҷ Ғуломов ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии ИҶШС, солҳои 1954 - 1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский, солҳои 1957 - 1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, солҳои 1960 - 1996 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли 1974 то соли 1996 ноиби ректор оид ба илм ва нашрияи ҳамин донишгоҳ буд.
Ба ибораи дигар, Минҳоҷ Ғуломов бо умеди ба ҷо овардани рисолати воқеии вориси Синои бузургвор умри пурмаҳсулро барои рушди илми тибби тоҷик ва тарбияи насли наврас бахшид. Бо ибтикори ин олими тавоно дар мамлакат аввалин марказҳои эҳёи психиатрӣ таъсис дода шудаанд. Ӯ яке аз асосгузорони мактаби равонпизишкони на танҳо Тоҷикистон, балки Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб меёбад. Мероси илмии ӯ бештар ба масъалаҳои илми равонпизишкӣ бахшида шудаанд. Маҳз ин олими тоҷик бори нахуст алоқаи омилҳои алоими Кандинский (автоматизми рӯҳия)-ро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения — маҷзубият), ки дар онҳо иллати мазкур хурӯҷ мекунад, муайян намудааст.
Минҳоҷ Ғуломов муаллифи зиёда аз 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ буд. Китобҳои дарсии «Луғати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ» (Киев, 1984), «Психиатрия» (Душанбе, 1993), «Равонпизишкӣ» (Душанбе, 1996), дастурҳои таълимии «Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонӣ», «Таваҳҳуми даҳонуҳалқӣ», «Алоими Кандинский-Клерамбо» ба қалами вай тааллуқ доранд. Имрӯз китоби «Психиатрия»-и ӯ китоби рӯимизии равоншиносони тамоми сайра маҳсуб меёбад.
Дар тӯли фаъолият Минҳоҷ Ғуломов беш аз 400 табиби равонпизишкро тарбият намудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 34 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии психиатрӣ» (2002) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Барои хизматҳои арзанда барои рушду тавомули илми тиб Минҳоҷ Ғуломов бо «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино» (1977), ордени «Ленин», ордени «Револютсияи Октябр», ду ордени «Нишони фахрӣ», Нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (пас аз марг), медал ва ифтихорномаҳои зиёди соҳавиро сазовор гардидааст.
Соли 1964 Минҳоҷ Ғуломов ба унвонҳои “Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии Вазорати саноати химияи Ҷумҳурии Халқии Булғористон” сазовор дониста шудааст. Ӯ соли 1986 эксперти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар соҳаи психиатрия ва наркология таъин гардида, солиёни дароз ягона намояндаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Ташкилоти байналмиллалии тандурустӣ буд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шуд.
Хабари фоҷиавии куштори ду шоҳсутун ва саромади тибби муосири тоҷик Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуф Исҳоқӣ мардуми кишварро сахт андуҳгин намуд. Вале мардум намедонист, ки ки метавонад ба сӯи ҳомиёни саломатӣ, олимони забардасту тавоно ва инсонҳои фозилу одил, ки ба иборае “мӯрро ҳам озор надодааст” тир кушояд. Тавре пас аз муддате муайян гардид, ин рафтори нобакоронаву нохалафонаи хоинони миллати тоҷик, дастпарварони Ҳизби назҳати ислом будааст.
Ин ҳама қатлу кушторҳо, ки ба таври силсилавӣ рӯи кор омада, ба ҳамдигар пайванд ва шабоҳат доштанд, натавонистанд пеши роҳи соҳибистиқлолию рушду нумӯи иқтисодиёт ва илму фарҳанги давлати навтаъсиси тоҷиконро бигарад.
Миллати фарҳангпарвари тоҷик бо сарварии Пешвои сулҳофараш Эмомалӣ Раҳмон дар муддати начандон тулонӣ кишваре бунёд намуд, ки орзӯи беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамон буд, вале афсус, ки Минҳоҷ Ғуломов барин олимону фозилон, ки ҳамқадами поягузорони ин кишвари биҳиштосо буданд, натавонистанд гулгулшукуфоии ин кишвари биҳиштосоро бо чашми сар бубинанд.
Имрӯз гарчанд Минҳоҷ Ғуломов дар бари мо нест, номи неки ӯ дар дили мост ва нахлҳои гулбоғи илмии сабз гардида, ба наслҳои оянда мева медиҳанд ва то умр боқист мардум ӯро ба некӣ ёд хоханд кард.
Ба гуфти Шайх Саъдӣ:
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1, н.и.т., Ворисов А.А.


29.04.2020     642
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php