Фазои осоиши сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Фазои осоиши сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Кашмакашҳои зиёти тӯлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон водор сохт, то роҳбарони ҳарду кишвар баҳри амнияту осиши минтақаҳои аҳолинишини сарҳадӣ сари гуфтушунид бинишинанд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба манфиатҳои якдигар эҳтиром гузошта, барои ҳалли масъала қадамҳои устувор гузоштанд.
Ин вохӯрӣ рӯзи 26 – уми июл дар доираи сафарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ворухи шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.
Дар ин зимн сарони ду давлат ҳамчунин бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда, шинос шуда, омодагии Ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии Тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.
Баъди ин мулоқот ва чанд мулоқотҳои дигари расмӣ ҳоло дар фазои сарҳад тинҷӣ, оромӣ осоиш ва амният ҳукмфармо мебошад.

11.10.2019     105