Фаъолияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи давлат

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштироки он дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Албатта на ҳаммаи ҳадафҳои ИДМ дар шароити имрӯза пурра амалӣ мешаванд, аммо сарфи назар аз ин Иттиҳод ифодагари умумият ва ҷавобгӯи миллионҳо одамони собиқ қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 1991 то ин сӯ иштирокчии комилҳуқуқи ин Созмон мебошад. Таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо ИДМ ва кишварҳои иштирокчии он аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад. Аз пайвастагиии робитаҳо дар чаҳорчубаи ин Созмон аён аст, ки аксари кишварҳои дигари иштироккунанда ба он чунин таваҷҷӯҳ доранд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқотҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ изҳор дошта буд: «Сарфи назар аз ҳамма пешгӯиҳои ноумедона Иттиҳод ҳанӯз ҳам фаъол аст ва мақому манзалати худро аз даст надодааст, фаромуш кардани нақши ИДМ дар ташаккули осоишта ва сулҳомези ҳар яке аз кишварҳои аъзои он баъди ба истиқлолияти давлати расидан аз рӯи инсоф нахоҳад буд».

Барои мутобиқ намудани фаъолияти Иттиҳод ба талаботи замони муосир 5 октябри соли 2007 дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ш. Душаннбе Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ бо нақшаи чорабиниҳои асосии тадбиқи он қабул карда шуд. Баътар 14 ноябри соли 2008 стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то давраи  соли 2020 аз ҷониби сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин Иттиҳод дар ш. Кишинёви Ҷумҳурии Малдова ба имзо расид.

Пеш аз ҳама ҳамбастагии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаштаи наздик ба Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, монанди Украина, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Литва, Латвия ва Эстония хамбастагии иқтисодиро ба вуҷуд оварда буд, ҳатто то ба андозае, ки яке бе дигаре фаъолият карда наметавонист.

Дар натиҷа дар ҷумҳурии мо ҳам бисёр соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, корхонаву муассисаҳо ба сабаби канда шудани робитаҳо аз кор монданд. Дар марҳилаи ҳозира барқарор намудани муносибатҳои собиқи хоҷагидорӣ нисбат ба он ки онҳо ба куллӣ тағйир дода шаванд, осонтар, тезтар ва арзонтар мебошад. Ин чиз як заминаи воқеиест, ки барои ҳамгироӣ дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил баромад менамояд.

Аз ҳамин нигоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии он аз ибтидои дарёфти истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намудаанд, то ба ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ робитаҳои дипломатӣ ва  амалӣ гардонидани ин ният бо онҳо то имрӯз ба пуррагӣ муяссар нагардидааст. Ва ин ҳолат чанд сабаб дорад. Сабаби аслиаш он буд, ки дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз он бисёре аз ҷумҳуриҳое, ки чандин даҳсолаҳо шомили як низоми сиёсию иҷтимоӣ буданд, риштаҳои   сиёсию   иҷтимоии   худро   дигар   карда   буданд   ва   кӯшиш  доштанд, ки ҳарчӣ зудтар худро аз «оғӯши Маскав» раҳоӣ диҳанд ва дур раванд. Бинобар ин аз ҳар гуна робитае, ки ба онҳо аз он низоми пешина ёд меовард, худро канор мегирифтанд. Дар муқобили ИДМ аз тарафи Гурҷистон, Украина, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Молдова созмон дода шудани ГУУОМ тасодуфӣ набуд. Ин кишварҳо аз қабили: Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова дар ИДМ ҳам расман иштирок мекунанд, вале амалан дар қолаби ин созмон ҳам сиёсати мустақили худро пеш мебаранд. Ва як иллати барор надоштани фаъолияти ИДМ ҳам дар ҳамин мебошад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам Иттиҳод ҳанӯз ҳам Иттиҳод ифодакунандаи умумият ва ҷавобгӯи миллионҳо одамони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад

Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамёрони худ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ кор гирифта, аҳамияти асосиро ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд дар равобити сиёсӣ ва соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ, илмию фановарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣва ҳамватанони бурунмарзӣ равона кардааст.

Шуъбаи тарбия


03.12.2020     27