Этикети фарҳанги либоспӯшӣ

Мо ҷавонони даврони истиқлолият тарафдори либоси миллӣ ҳастем, чун либоси миллӣ рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта , ёдгоре аз гузаштагони мардуми тоҷик мебошад ва дар тули қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва нахоҳад кард.
Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бо фарҳанги бегона майл намудан зиёд шудааст, аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки фарҳанги миллии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дорем. Либос ин нишонаи одамият мебошад, аз ин рӯ ҳар яки мо донишҷӯён бояд маданияти либоспӯширо дар сатҳи баланд риоя намоем.Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб ёфта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд .
Мо дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки мутобиқи Констутсияи он соҳиби ҳама ҳуқуқҳо ҳастем. Имконият дар донишгоҳҳои дилхоҳ таҳсил намудан, касби дилхоҳро аз худ намуданро дорем, аз ин ру мо вазифадорем, ки талаботҳо ва фарҳанги миллии худро дар сатҳи баланд пос дорем.
Мутаасифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона зиёд шуд, ки ин амалҳо сабаби аз байнбарандаи фарҳанги миллии тоҷик шуд ва бо дастгирии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала зери назорат гирифта шуд ва ана ҳамон талошҳо сабаб шуд, ки имрӯз ин бегонапарастӣ миёни ҷавонон кам шуд. Бояд таъкид сохт, ки дар баробари ин имрӯз занону духтарони атласпӯшу посдорандаи ин фарҳанги бузург дар ҷомеъа кам нестанд , ки чомеъи моро ҳусни дигар мебахшанд. Модоме, ки либоси миллии мо аз нишонаи фарҳанги мост, пас бояд мо ҷавонон посдорандаи он бошем.
Мамадҷонова Г.С., мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 дотсент ва донишҷӯёни курси 6 ФТ, гурӯҳи 9.

02.03.2020     1138
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php