ДУШАНБЕ ХОНАИ УМУМИИ МОСТ

Солҳои охир бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонда мешаванд.
Баъди вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар пойтахт вусъати тоза пайдо карданд. Рафти корҳои ободонию созандагӣ, маъракаи дарахтшинонӣ бо истифода аз қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон ҳамеша зери назорати раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ қарор доранд.
Мувофиқи иттилои шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи раиси шаҳр, дар доираи корҳои ободонӣ аз 1 ноябри соли гузашта то имрӯз дар ҳудуди пойтахт 46 ҳазору 515 бех ниҳоли дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ шинонда шудааст. Аз ин миқдор дарахтони сояафкан 8 ҳазор, ороишӣ қариб 30 ҳазор, мевадиҳанда 5315 ва буттаҳо 2525 бехро ташкил медиҳанд. Шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола вусъати тоза гирифта, дар ин давра беш аз 2 миллиону 166 ҳазор дона гул шинонда шудааст. Ҳамчунин, дар гӯшаю канори шаҳр 1 миллиону 139 ҳазор пиёзаки гули лола коштаанд, ки ҳусни пойтахтро боз ҳам зеботар намудаанд.
Баробари шинондани дарахту буттаҳо дар шаҳр ба сабзкорию васеъ намудани майдони майсазорҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. То ин дам дар 37 ҳазор метри мураббаъ майсазор бунёд шудааст.
Ҳамчунин, дар асоси қарори раиси шаҳр раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарону масъулони сохторҳои дахлдор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҳудуди пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои ба корҳои дарахтшинонию сабзкорӣ ҷалб намудани кормандони идораю муассисаҳо ва сокинони шаҳр мусоидат намуда, дар мавсими ниҳолшинонӣ саҳм гузоранд.
Кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаю хоҷагиҳои шаҳр бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза ҳар ҳафта ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи коргоҳи худро тоза карда, бо шинондани ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ дар афзун намудани ҳусни шаҳр ҳисса гузошта истодаанд.
Устодон ва кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 200 бех ниҳоли ороишии сӯзанбарг, 300 бех хӯшагули рангоранг ва 5000 бех садбарги сафед шинонданд.
Амоншо ПАЛАВОНОВ, омӯзгори МТМУ №32, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

02.06.2020     446
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php