Диёри домани гардун

Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст.

Нахустин сарчашмаҳои то замони мо расида, ки баъзеи онҳо ҳатто ба асри шашуми то милод нисбат дода мешаванд, собит месозанд, ки Истаравшан яке аз марказҳои бузурги Суғди бостонӣ ба шумор мерафтааст. То ба рӯзгори мо маҳфуз мондани беш аз 150 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ дар шаҳри Истаравшан, ки ҳар яке аз онҳо собиқаи аз 300 то 1500 – сола дорад, гузаштаи бисёр деринаи онро нишон медиҳад.

Мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри ХУ), Боботағои Валӣ (асри ХУ), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чор Гумбаз (асри Х1Х), Савристон ва даҳҳо ёдгории дигар дар баробари муаррифии мероси бузурги таърихии миллати тоҷик беҳтарин намунаҳои ҳунари сокинони шаҳр, аз ҷумла наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон ба шумор мераванд.

Рисолаву девонҳо ва осори хаттии фаровон дар қаламрави шаҳри Истаравшан гувоҳи равшани он аст, ки дар гузаштаи дуру наздик аз ин диёр суханварону олимон, адибону донишмандони зиёде бархоста, дар ривоҷи фарҳанги миллии халқи тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд. Масалан, дар аксари сарчашмаҳои таърихии даврони Сомониён зикр шудани номи Истаравшан аз он шаҳодат медиҳад, ки саҳми аҳли илму адаб ва ҳунармандони он дар ташаккули тамаддуни ин давраи тиллоии таърихи миллати тоҷик хеле арзишманд будааст.

Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кушку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Донишмандон чунин мешуморанд, ки таърихи гузаштаи мо намунаи шаҳреро чун Истаравшан - шаҳри иборат аз қалъаҳои зиёд дар ёд надорад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан то замони мо шумораи зиёди чунин қалъаҳо ҳифз шудаанд, ки ҳамагӣ исботи шаҳомати таърихии ин шаҳри бостонӣ мебошанд. Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд.

Дар миёни ин ёдгориҳо ҷойгоҳи Қалъаи Муғ қобили таъкиди махсус аст. Ин намунаи бузурги мероси куҳани тоҷикон, ки замони бунёди он ба асри панҷуми то милод пайванд дорад, баъдан беҳтарин унсурҳои меъмории миллати қадимаи моро дар бар гирифтааст. Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 зери раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ амалӣ гардида, аз харобаҳои он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо карда шуд.

Дар баробари ин, аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд. Бозёфтҳо баёнгари онанд, ки ин кохи муҳташами бостонӣ дар тӯли тамоми таърихи мавҷудияти худ макони волиёну ҳокимони ин қаламрав буда, ҳамин рисолати бузурги таърихиро чи дар аҳди бостон ва чи дар даврони исломӣ ба шоистагӣ иҷро кардааст. Чанд сол пеш бо мақсади таҷдиду барқарор сохтани ин ёдгории куҳани таърихӣ Ҳукумати мамлакат қарор кард, ки “Муғтеппа” бо ҳамаи шукӯҳу шаҳомати гузаштааш азнавсозӣ карда шавад. Басо рамзист, ки корҳои тармиму азнавсозии он дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба анҷом расида, имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд.

Ҳукумати мамлакат ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дар раванди барқарорсозии номҳои таърихии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ба ифтихори 2500 - солагии ин шаҳри қадима номи куҳани онро барқарор намуд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор кунем, ки эҳёи Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар он самараи соҳибихтиёрии давлати тоҷикон ба шумор меравад.

  Таибов С.А.     сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия


18.06.2019     48