Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Бузургтарин дастоварди инсон фарҳанг буда, ин омили муҳимест, ки қавму миллатҳо ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад ва равобити мамлакатҳоро равнақ бахшида, дар таҳкими риштаҳои дӯсти ва ҳамкориҳои бародарона нақши муҳим мебозад.
Таҳкими робитаҳои иқтисоди ва фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики Осиёи Марказӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор дорад.
Хушбахтона дӯстии ду мамолики бузӯрг аз нав шурӯъ кард, ки мардӯми моро аз нав болидарӯҳ намуд. Ҳатто ин рӯзи таърихи бо риштаҳои заррин дар таърихи тоҷикон сабт гардид. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз имкониятҳои мавҷудаи худ истифода намуда, дасти ёрии беғаразнокии худро бародарвор ба ҳалқу давлати мо дароз намуд. Мардуми мо инро ҳамеша, бо сипосгузори дар хотири худ нигоҳ медорад.
Барои мо тоҷикон робитаҳои дӯстона ва мустаҳкамии абадӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар нигаронида шудааст. Тоҷикистон бо ҳама душвориҳои дохилии оғози соҳибистиқлолияш нигоҳ накарда, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ фаъолона ва вусъвати бештар амал менамояд, ки ин ба афзӯдани нуфӯзу эътибори байнанхалқии он мусоидат мекунад. Тақвими равобит ва ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, таҳлилу омӯзиши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар замони имрӯза қадами дигаре барои боз ҳам мустаҳкам кардани муносибатҳои фарҳангӣ ва ривоҷёбии он мебошад.
Муносибатҳои ҳамҷамоварии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бо анъанаҳои бисёрасраи дӯстию бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик асос ёфтааст, дар давраи истиқлолият ба маҷрои сифатан нав ворид гардид. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон то имрӯз зиёда аз 70
санадҳои ҳамкори ба имзо расидааст, ки он оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисоди, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ду давлат дар пояи меъёрҳои байнанмиллалӣ ба манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шудааст. Интизориҳои чандинсолаи мардуми шарафманди ин ду кишвар бо ташабускориҳои истиқлолият дар охир ҷомаи амал пӯшид, ки дӯстии бародарии ва якдилонаи мардуми ду кишвар мебошад.
Хоҷаева Сабоҳат Музаффаровна, омӯзгори
кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ
Ҷумаева Гулхон Соатмуродовна, омӯзгори
кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ