ЧӢ ТАВР МЕТАВОН ХУДРО АЗ БЕМОРИҲОИ ВИРУСӢ ЭҲТИЁТ КАРД?

Вирус - ин организми зинда набуда, молекулаҳои сафеда (РНК) мебошад, ки бо пардаи муҳофизии липид (чарбу) пӯшонида шудааст ва ҳангоми фурӯбарӣ таваасути ҳуҷайраҳои бофтаи пайвасткунандаи чашм, бинӣ ва рухсора коди гинетикии худро иваз (гум) намуда, ба ҳуҷайраҳои агрессор мубаддал мегардад.
Бо назардошти он ки вирус организми зинда нест, он намемирад, танҳо вайрон мешавад. Вақти вайроншавии он аз ҳарорат, намнокӣ ва намуди маводе, ки вирус дар он ҷойгир аст, вобаста мебошад.
Молекулаи вирус хеле ковок буда ягона чизе ки онро ҳимоя менамояд, қабати тунуки берунии липидӣ мебошад. Бинобар ин, ҳама гуна собун ё маводи шӯянда маводи зиддивирусӣ ба шумор меравад, зеро кафки он чарбуро вайрон менамояд (бо назардошти ин мо бояд зиёда аз 20 сония молиш диҳем то бисёртар кафки собун ба амал ояд).
Пас аз ҳал шудани қабати болоӣ молекулаи сафедаи вирус вайрон мешавад.
Гармӣ чарбуро маҳлул мекунад. Бо назардошти ин, истифодаи оби ҳарораташ аз 25 дараҷа баландтар барои шустани даст, либос ва ғ. мувофиқи мақсад мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳангоми истифодаи оби гарм бештар кафки собун ба амал меояд ва таъсирнокиаш беҳтар мегардад.
Алкогол ва маҳлулҳои спиртии баландтар аз 65% ҳама гуна чарбуро, алалхусус пардаи болоии липидии вирусро ҳал мекунанд.
Пероксиди гидроген дар самаранокӣ пас аз собун, алкогол ва хлор меистад, ки он низ сафедаи вирусро вайрон мекунад, лекин онро набояд ба намуда тоза истифода бурд, зеро метавонад ба пӯст осеб расонад.
Маводҳои бактерисид самаранок нестанд. Бо назардошти он ки вирус организми зинда нест, маводҳои антибактриалӣ (антибиотикҳо) низ ба он таъсир расонида наметавонанд.
Либоси истифодашуда ва истифоданашударо алалхусус дар хона наафшонед. Новобаста аз он ки вирус дар ковокиҳои либос ҷойгир шудааст, дар муддати 3 соат дар бофта ва ковокиҳо, дар муддаи 4 соат дар сатҳи тахта (намнокиро кашида намегузорад вирус вайрон ва тақсим шавад), 24 соат дар рӯи қоғази ғафс, 42 соат дар металл ва то 72 соат дар қабати пластикӣ нигоҳ дошта мешавад. Агар шумо маводро афшонед ва шеткаро истифода баред, молекулаҳои вирус дар ҳаво то 3 соат метавонанд парвоз кунанд ва ба пардаи луобии бинӣ ё ҷои дигар часпанд.
Молекулаҳои вирус ҳангоми таъсири хунукии беруна ва сунъӣ, аз ҷумла кондинсионерҳои хонагӣ ва автомобил таъсирнопазир мебошанд. Ба онҳо низ барои он ки, устувор боқӣ бимонанд, (алалхусус дар торикӣ) намнокӣ зарур мебошад, аз ин рӯ, онҳо дар муҳити хушк, гарм ва рушноӣ онҳоро зудтар нобуд мешаванд.
Нурҳои ултробунафш дар ҳамаи сатҳ сафедаи сафедаи вирусро вайрон мекунад. Масалан, барои дезинфексия ва такроран истифодабарии ниқоб истифодаи нурҳои ултробунафш айни муддао мебошад. Дар ин ҳолатҳо бояд эҳтиёт буд, зеро нурҳои ултробунафш ҳамчунин коллагени пӯстро низ вайрон мекунанд, ки метавонад боиси пайдошавии чини пӯст ва ҳатто саратони пӯст гардад.
Вирус тавассути пӯсти солим гузашта наметавонад, вале метавонад тавассути пардаи луобӣ гузарад.
Сирко пардаи ҳимоявии чарбуро вайрон мекунад, аз ин рӯ маводи самараноки зиддивирусӣ маҳсуб намешавад. Ҳамчунин, атр, арақ самаранок нестанд, зеро миқдори алкогол дар он камтар аз 65% мебошад.
Чӣ қадар фазо маҳдуд бошад, ҳамон қадар басомади ҷойгиршавӣ ва боқӣ мондани вирус зиёд мебошад. Чӣ қадар фазо кушода ва шамолгузар бошад, ҳамон қадар эхтимолияти мубталошавӣ камтар мебошад.
Пеш ва пас аз қазои ҳоҷат низ бофтаи пайвасткунандаи шумо хавфи сироятнокшавӣ аз вирус доранд. Молекулаҳои вирус метавонанд дар микроковокиҳои даст ҷойгир шаванд, ки ба он ҷо об нарасад. Аз дароз гузоштани нохунҳо худдорӣ кунед, зеро вирус метавонад дар зери онҳо ҷойгир шавад.
Муҳимтар аз ҳама дастҳоро пеш ва пас аз расидан бо пардаҳои луобӣ, рӯй, хӯрок, қулфу калид, қаламу ручка, кӯшаки барқ, пултҳо, телефон, соат, компутер, мизу курсӣ, пул, бастаи калид, дастгираки мошин ва ғайра бо собун бишӯед.
Ҳангоми вохӯрдан аз салом кардан бо даст, бусидани якдигар, бе зарурат ворид шудан ба ҷойҳои серодам, сӯҳбат кардан ва нишастан дар назди шахсони бемор худдорӣ намоед.
Роҳҳои сироятнокшавии вирус, асосан пардаҳои луобии даҳону бинӣ маҳсуб меёбанд. Ҳангоми ба роҳҳои ҳозима афтодан вирус тавассути кислотаи гидрогенхлориди меъда маҳв карда мешавад, вале дар узвҳои нафаскашӣ инкишоф ёфта, ҳуҷайраҳои онро маҳв ва ба ҳуҷайраи пайвасткунанда мубаддал мегардонад, ки он мубодилаи ҳаворо дар бофтаҳои шуш вайрон мекунад.
Ба ҳисоби миёна одамон дар муддати шабонарӯз 90 маротиба ба бинии худ даст мекунанд.
Истифодаи ниқоби якбормасраф ва бисёрмасрафи шусташудаи даҳону бинӣ (маска) ҳам аз муҳит ва ҳам аз дастон ворид шудани вирусҳоро пешгирӣ менамояд.
Агар ниқобатон бисёрмасраф бошад, онро тез-тез бо собун дар оби ҷӯш шуед. Дар хотир дошта бошед, ки ниқоб то 4 соат самаранок боқӣ мемонад.
Барои пешгирӣ аз вирус аз маводҳои табии зерин истифода баред:
• Занҷабил (имбир) (1қошуқча хокаи он дар 100 мл оби ҷӯш) 1 қошуқӣ 3 маротиба дар шабонарӯз;
• Омехтаи асал бо равғани сиёҳдона (таносуби 1:10, яъне дар ним л. асал 50 мл равғани сиёҳдона) 1қошуқӣ х3 маротиба дар шабонарӯз;
• Оби сирпиёз (8-10 дандонаи резакардашудаи сирпиёзро дар як литр об ҷӯшонед) 1истаконих3 маротиба;
• Истифодаи шиннӣ (ширинии тут) барои баландкунии иммунитет мувофиқи мақсад мебошад;
• Дар ҷои истиқомататон пайваста ҳазориспанд дуд намоед;
• Пиёзро бурида дар кунҷҳои хона гузоред, луоби он маводи зиддивирусӣ ба шумор меравад.
Ҳангоми мубталошавӣ ба бемориҳои вирусӣ бе тавсияи духтурон аз истифодаи доруҳои Аспирин, Ибупрофен, Диклофенак, Найз, Цитрамон, Парацетамон ва амсоли онҳо худдорӣ намоед;
Дар ҳолати пайдо шудани хушкии даҳон, баландшавии ҳарорати бадан, сулфаи хушк, бемадории умумӣ ба духтурон муроҷиат намоед.

Сардори бахши коргузории, Хадамоти ректор Ворисов А.

31.03.2020     152