Аз маҳалбозии мо илат ба миллат мерасад!

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба ин «беморӣ» нуқта гузорему ҳама якдилу яктан баҳри оромию боз ҳам гулгулшукуфонии мамлакати азизамон- Тоҷикистон камари ҳиммат бандем ва ҳеҷ гоҳ нагуем, ки ту куҷоиӣ?
Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад,
Миллати моро аз ин иллат нигоҳ дорад Худо!
Маҳалчигиву маҳалпарастӣ, инсонҳоро ба гуруҳҳову маҳалҳо ҷудо намуда аз беандешагиву нодонии шахсон дарак медиҳад. Дар ҳама давру замон танҳо нафароне аз уҳдаи корҳо баромада метавонанд, ки агар дониши хубу лаёқати баланди роҳбариро дошта бошанд. Дуруст аст, имрӯз Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба кадрҳои донишманду соҳибистеъдод ниёз дорад ва баҳри омода намудани чунин кадрҳо пайваста кушиш ба харҷ дода истодааст. Дар кори пешравии ҷомеа, пойдории сулҳу ваҳдат бартараф намудан ва решакан кардани маҳалгароӣ аҳамияти муҳим дорад.Барои расидан ба мақсадҳои наҷиб баҳри пешбурди зиндагии хуби мардум роҳбар аз кадом минтақае бошад, нақше надорад. Аз ҳама муҳимаш шахси доно, хирадманд ва болаёқат бошаду виҷдони пок дошта бошад. Яъне, мо набояд ба маҳалчигиву маҳалбозиҳо роҳ диҳем. Зеро маҳалбозиҳо буд, ки мо як маротиба натиҷаашро дидем.Маҳалгароӣ чун теғе мебошад, ки пояҳои давлатро заиф мегардонад. Маҳалгароӣ метавонад ба мафкураи ҳамдигарфаҳмӣ халал расонад, нобоварии одамонро аз ҳамкору рафиқ дур намояд, иттифоқи ҳамкоронро вайрон кунад. Ин падида ба чизи аз ҳама муқаддас барои ҳамкорон-дӯстию ёрии байниҳамдигарӣ зарар ворид мекунад. Коллектив ҳамон вақт муваффақият ба даст меоварад, ки дар байни ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ҳамкорон дӯсту тифоқ бошанд. Вале зуҳури маҳалгароӣ оқибати ногувор дорад. Мутаассифона дар кишвари мо ин падида сахт реша давондааст ва он ба кирме монанд аст, ки шираи дарахтонро макида, барои хушк шудани дарахт мусоидат мекунад. Ин падидаи номатлуб авзои ҷомеаро носолим мегардонад.
Дар кори решакан кардани пояҳои маҳалгароӣ баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, густариш додани ғояҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим доранд.
Бо баробари ин ба хотир овардан ба маврид аст, ки ҳамин хел бозиҳои сиёсӣ –маҳалгароии ифротии солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳуриамон чи бадбахтиҳое ба миён оварда буд.
Имрӯз набояд фаромӯш кард!. Вале бовуҷуди ин шахсиятҳо хулосабарорӣ накарда, гапҳои беасосу бемантиқ мегӯянд, ин тамоюли маҳалгароӣ ба мушоҳида мерасад.
Шахсиятҳое, ки дар мансабҳои баланди давлатию ҳукуматӣ кор мекунанд, аз ин падида орӣ бошанд ва ҳама кӯшишҳоро ба он харҷ кунанд, то дар он сохторҳое, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд, ин падида роҳ наёбад. Ба кор қабул кардани одамон аз рӯи маҳорати кордонӣ сурат бигирад. Шахсони ба падидаи маҳалгароӣ роҳ медода, бояд ба ҷазо гирифтор карда шаванд. Ба тарбияи ватандӯстӣ бештар бояд эътибор дод. Усулҳо ва роҳҳои тарбияи ватандӯстиро бояд беҳтар кард. Барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардан ба донишомӯзон таърихи ҳақиқии халқи тоҷикро бояд омӯзонд. Хонандагонро дар рӯҳияи идеяҳои байналмилалӣ бояд тарбия кард, вале онҳо бояд бидонанд, ки таърихи нигоҳдории забон, урфу одат, соҳибихтиёриву дигар арзишҳояш бо амалу фаъолияти тоҷикон алоқаманданд. Ҳама он муваффақиятҳое, ки дар соҳаҳои иқтисодиёту маданият, иҷтимоиёт ба даст омадаанд, асосан бо меҳнати тоҷикон ба даст омадааст. Барномаҳои мактабҳо ва донишкадаҳо бояд ба он мусоидат кунанд, ки толибилмон зарурияти якдилӣ ва якдигарфаҳмиро фаҳманд, онҳо ба муваффақиятҳои халқи тоҷик фахр кунанд.
Таибов С.А., сардори шуъбаи итилоот ва нашрия

Турсунова З.Г., сармутахассиси шуъбаи итилоот ва нашрия

19.05.2020     450
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php