АЗ КОРОНАВИРУС ҲАНГОМАСОЗӢ НАБОЯД КАРД

Имрӯз падидаи баде, ки ҷаҳонро зери хатар гузоштаасту башарият атрофи пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои нохуши он тадбир меандешанд, коронавирус мебошад. Ин беморӣ зери суол мебарад, ки коронавирус чисту аз куҷо пайдо шудааст ва таъсири он ба инсон чи гуна аст, то кадом ҳад он хатарнок аст ва чӣ гуна аз он бояд худро муҳофизат намуд?
Табибон асоситарин омили пайдошавии коронавирусро аз хурдани ҳайвонҳои хазанда ба шумори муш, мор ва куршапарак медонанд. Ҳоло дар тамоми дунё тадқиқоту таҳқиқотҳо дар мавриди пайдоиши бемории мазкур идома дошта, бархе аз олимон пайдоши онро бо роҳи табиӣ ва иддае аз дигар мутахассисон бо роҳи сунъӣ ба ақоид додаанд. Табибони чинӣ нуқтаи назар намудаанд, ки шахсони гирифтору мубталошудаи ин беморӣ аз 49 сола то 90 сола мебошанд. Аз ин маълум мегардад, ки ин вирус бештар ба шахсоне, ки ҷисман заиф ҳастанд, бештар хатарнок аст ва бояд ин нафарон зиёдтар эҳтиёткор бошанд. Ба ҳолати омори санаи 21. 04. 2020 дар ҷаҳон 2 479 623 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Шумораи наҷотёфтагон ба 649 797 нафар расида, 170 319 аз сабаби мубтало шудан ба ин беморӣ вафот кардаанд. Аз ахбороти ҳамарӯза дар мавриди ин беморӣ маълум мегардад, ки шумораи гирифторшавӣ ба ин вирус дар ҳоли хуруҷ аст.
Ин вирус бори аввал дар соли 1965 ба қайд гирифта шудааст ва ин маротибаи сеюм аст, ки дар дунё хуруҷ мекунад. Дар ин бор коронавирус аввал дар Ҷумҳурии халқии Хитой ба қайд гирифта шуда, ҳоло аз бештара 218 давлати олам дар 200 давлати он ба қайд гирифта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон амнтарин давлат дар масъалаи ба қайд гирифта нашудани вируси мазкур мебошад. Гарчанде давлати мо дар дунё дар баробари давлатҳои хурдтарин дониста шавад, вале хушбахтона дар масъалаи амнияти шаҳрвандон ва роҳ надодани ҳаргуна бемориҳо дар мамлакат қудрату тавоноӣ дошта, муқовимат нишон дода истодааст. Аз як тараф ин аз иродаи қавии халқ ва дӯст доштани Ватан дарак диҳад, аз тарафи дигар аз дурандешиву корнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад. Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар баробари ин ҷоннисориҳо дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гарданду ба ҳар гуна иттилову ҳангомаҳои беасосу бардуруғи бадхоҳони миллат дода нашаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъкид доштанд, ки: “Тибқи маълумоти охирини оморӣ дар дунё дар ду моҳи охири соли ҷорӣ аз оғози саршавии бемории коронавирус беш аз 144 ҳазор нафар, шамолхӯрӣ қариб 70 ҳазор, табларза зиёда аз 140 ҳазор, дар натиҷаи худкушӣ беш аз 153 ҳазор, садамаҳои нақлиётӣ 193 ҳазор, майзадагӣ 358 ҳазор, сигоркашӣ 716 ҳазор нафар вафот карда, инчунин дар як сол аз бемории саратон 1 миллиону 177 ҳазор, зукоми мавсимии А, В, С то 600 ҳазор ва илтиҳоби шуш то 6 миллион нафар одамон вафот мекунанд.
Дар ҳоле ки дар баъзе аз кишварҳо ҳар шабонарӯз 600-800 нафар одамон ба ҳалокат расида истодаанд, баъзе ҳамватанони мо ба риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон бепарвоӣ зоҳир мекунанд”.
Ин таҳлили Роҳбари давлат далел бар он аст, ки короновирус бештар тавассути ҳангомаҳо ҷаҳонро ба таҳаллука андохтааст. Дар таҳлил ҳастанд бемориҳое, ки нисбат ба вируси мазкур хатарноктаранду бештар ба қайд гирифта мешаванд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон чораҷӯӣ карда, ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма мардумро аз хавфи коронавирус огоҳ намуда, барои пешгириву сар назадани ин беморӣ дар мамлакат тавсияҳо медиҳанд.
Табибону мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ ва дигарон аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли риояи қатъии гигиенаи шахсии ҷамъиятӣ ва талаботҳои зидди эпидемикӣ (шустани дастон, бо даст салом накардан, ҳангоми гирифтани бемории зуком, ОРЗ, ОРВИ, пневмания пушидани ниқоб ва ғайра) ва дигар талаботи тавсиявӣ.
Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Валиев Давлатёр -хабарнигори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


22.04.2020     332
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php