ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

Имрӯз варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло имрӯз наврасону ҷавонон ва ҷавондухтарон дар риштаҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин машғул буда, вақти қимати хешро самаранок истифода мебаранд ва дар баробари ин бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ обрӯи кишвари хешро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар дар ин ҷода варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаанд. Пешвои миллат вобаста ба ин зимни ироаи Паёмашон ба парлумони кишвар ёдовар шуданд, ки «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем». Боварии давлату роҳбарияти кишвар ба қишри ояндасози кишвар ҷавонон боиси пешрафт ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ гардидааст. Ба иттилоии Сарвари кишвар имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст. Инчунин, дар соли 2019-ум 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти кишвар сохта шудааст, ки дар онҳо барои ба варзиш мағул шудани сокинони пойтахт ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд, ки «Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем». Ин аст, ки сол то сол соҳаи варзиш новобаста аз баъзе мушкилоти ҷойдошта рушд мекунад. Дастовардҳои панҷсолаи ахири варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавонист варзиши тоҷикро муаррифӣ кунад. Дар ин роҳ барои муаррифӣ шароитҳо барои ба варзиш фаро гирифтани ҷомеа муҳим аст. Ин аст, ки бо тадбирандешиҳо рӯз то рӯз бунёд ва ба истифода додани иншоотҳои варзишӣ дар қаламрави кишвар босуръат идома дорад. Дар ҳамбастагӣ ба ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд. Ин иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат барои рушду муаррифии минбаъдаи варзиши тоҷик имконият фароҳам меорад. Бо ин роҳ боварӣ аст, ки дар оянда низ бо маҳорату малакаи варзишӣ парчамбардорони кишвар варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамоянду бо ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ Парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд мебардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан мегузоранд.

13.03.2020     909