Ҷавонон бояд фаъол бошанд

Ҷавонон дар ҳар давру замон нерӯи пешбари ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари аҳолиро ҷавонон ташкил мекунанд. Онҳо вазифадоранд, ки дар рушди инкишофи ҳаёти ҷомеа ҳиссагузорӣ намуда, барои пойдор намудани ҷомеаи демократӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҷавонони имрӯза озодона аз илмҳои замона, техникаи муосир истифода мебаранд. Имрӯз теъдоди зиёди онҳо дар идораҳои давлатӣ кор ва фаъолият мекунанд. Ҷавонон ояндаи миллатанд. Онҳо бояд дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ватандорӣ, ҳимоя ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба воя расанд. Нангу номуси ватандорӣ дар онҳо фаъол бояд бошад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонон дар ҳама гуна давру замон бунёдкору созанда буданд ва мемонанд. Меҳнати фидокоронаи ҷавонон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (хоҳ дар фронт, хоҳ дар ақибгоҳ) барои ғалаба омили муҳим гардид. Имрӯз ҳам ҷавонони тоҷик дар сохтмонҳои бузурги ҷумҳурӣ НБО-и Норак, Сангтӯда, Роғун саҳми барҷаста доранд.
Имрӯз ҳукумати ҷумҳурӣ барои фаъолияти ҷавонон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Ҷавонон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба таври сазовор муаррифӣ намуда, парчами ҷумҳуриро баланд бардоранд.
Мутассифона, имрӯз ҷавононе низ ҳастанд, ки ба корҳои номатлуб даст мезананд. Баъзе ҷавонон аз таҳсил дур шуда, ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мераванд. Ҳамагон бояд ин гуна ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ боздорему дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Ҷ. Б.Ҳамрозода, устоди кафедраи фаннҳои ҷомеашиносӣ

27.03.2020     744
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php