Асои роҳи худ чун хома мебояд шудан!

Ҳаёти миллати тоҷик, ки сад зеру забар дорад,

Ба халқ ҳушёрӣ мебояд, ки террор сахт хатар дорад!

Замоне, ки давлати тоҷикон соҳибистиқлолиро эълон намуд дар ин сарзамин аз ҷанбаҳои соҳибистиқлолӣ асаре набуд, зеро Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт ва марзу буми давлатро давлати Русия ҳимоят мекард. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 расман худро соҳибистиқлол эълон намуда буд. Қабули Истиқлолияти давлатӣ (қарори муҳими таърихӣ) боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ  шинохта шуд, ки ин имконият фароҳам овард, то дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ ноил гардем. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани шакли сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботҳои замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба кулли эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани  Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои  ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда  Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Яке аз падидаҳои номатлуби ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм мебошад,ки ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба худ  ҷалб менамояд ва онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав  равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Пушида нест, ки терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули муборизаи сиёсӣ аст. Терористон бо истифода аз афкори тарсафкану даҳшатовар, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зуроварӣ  боиси бедор кардани тарсу ҳарос дар вуҷуди инсонҳо мебошанд. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обруи давлат ва ҳамзамон ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва миёни қишрҳои ҷомеа шур барпо карданҳо мебошад.Ба ақидаи қисме аз олимону донишмандони соҳаи ҷомеашиносӣ  пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфнок  пеш аз ҳама  ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҳаёти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагӣ дорад. Дар даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардидаву ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям  шудаанд.  Дар замони муосир сафи террористон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд. Тоҷикистон дар радифи  дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда,  талоши он менамояд , то аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Дар ин давраи ҳассос,ки интихоботи Президенти кишвар баргузор мегардад, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша ҳушёр бошем ва кушиш намоем, ки боиси пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб гардем. Ба насли ҷавон тарзи ҳаёти солим ва бидуни ваҳшониятро ташвиқу тарғиб намоем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монда бошем,ки ба бекориву зоеъ гузаштани вакт фурсат намонад.Пас,барои мубориза бурдан бо ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар- терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи мо ва махсусан ҷавонон, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа, масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо он мубориза барем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистонро,ки аҳамияти миллӣ ва ҳам байналмилалиро дорост ва аз ҷониби сиёсатмадорон, сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ  баҳои баланд гирифтааст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, дар ободии кишвар саҳмгӯзор бошем.

Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд,вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст,ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

 Ҳамаи мо вазифадорем, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем. Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

  Имрӯз ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда,  ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд!

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



15.09.2020     40