Ҷашни покию озодагӣ

Инак, боз ба сарзамини офтобии мо баҳори оламоро қадам ранҷа кард. Баҳоре, ки дилҳоро шодию сурур ва зиндагиро саросар файзу неъмату нур мебахшад. Баҳоре, ки бо омаданаш табиатро аз нав бедор намуда, гулу гиёҳу дарахтонро ба сабзишу нуму водор мекунад. Дашту кӯҳи диёр сабзпӯшу гулпӯш гардида, суруди шӯхи мурғакон ба гӯш мерасаду накҳати гулҳои тозарӯ ба машом медамад ва касро масти табиати зебою дилоро мегардонад. Ҳавои муаттари субҳу бегоҳирӯзии Ватан ҳар сокинашро ҳаловат мебахшад. Табиати афсунгар либоси сабзу рангин бабару кулоҳи сафед ба cap, бо зебу зиннати хоса ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз мебарояд. Марҳабо, ай баҳори гулбасар, ай баҳори гулфишон, ай биҳишти ин ҷаҳон, ай сафойи зиндагӣ…
Наврӯз тӯморест аз Худованди бузург, ки миллати моро аз чашми бадон нигоҳ дошт. Наврӯз нишони ваҳдати таърихи миллати мост.

Ваҳдати мо ваҳдати дунё бувад,

Ишқи мо бар кулли инсонҳо бувад.,
Наврӯз дидори модару фарзанд, Табиату инсон, рӯз ва соати муайяни дидор аст. Бо дамидани сабзаву себаргаҳои баҳорӣ фарзанди фаромӯшкор эҳсос мекунад, ки дербоз модари худро надидааст. Наврӯз таҷдиди хотираҳои азёдрафта аст.
Наврӯз нишони оли пок аст

Файзе зи худои ҷони пок аст.
Наврӯз, яъне сароғози рӯзи нав умеди нек аст. Ba одамият то интиҳои ҳаёташ доимо бо дуои неки арвоҳҳои гузашта ва ниятҳои поки хеш зинда аст. Орзую омоле, ки иддаи шахсон бо баъзан сабабҳо навмеду сарсон менишастанд бо шарофати қадамҳои хосиятбори Наврӯз гиреҳи муаммои эшон бидуни душворӣ кушода мегардад. Воқеан, Наврӯз пайомадҳои хуберо бо худ меорад, ки якеи онҳо тибқи анъанаҳои суннатии мардумии мо он буда, ки дар ин рӯзи бузурги аҷамӣ ба хонаҳои якдигар мерафтанд, аз гуноҳи якдигар мегузаштанд, кинаву қудуратҳоро аз дил дур мекарданд, дарстурхони идонаро бо ҳафт сину ҳафт шин пур мекарданд, ва ба Соли нав бо қалби покиза, бе кинаву ғараз қадам мениҳоданд.
Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода

Ман ҷоми хештанро пур мекунам, рафиқон,

Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр

Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!
Бо истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми Тоҷикистон, хамватанони гиромиро бо ташрифи фасли зебои табиат - баҳори нозанин ва иди қудсиву малакутии воқеан тоҷикона Наврӯзи Оламафрӯз, Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, барояшон дили шоду хонаи обод, тансиҳативу сарсабзиву шукуфоиро таманно мекунем ва ҷониби Худованди якто дасти дуо бардошта, бо умед мегӯем:
Эӣ Худованди замину осмон,

To ба Наврӯзи дигар моро расон.

Умаралӣ Раҷабов, мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва захршиносӣ, д.и.к., профессор


18.03.2020     76