Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас

Семён Багдасаров, як сиёсатмадори ҳангомаҷӯи рус, ки худро чун фарди дилсӯзи он кишвар ба тобиш медиҳад, бори чандум аст, ки бо даъвои фитнаҷӯёнаи хеш ба захми акнун шифоёфтаи миллати тоҷик намак мепошад.
Мо ҷонибдори гуфтаи журналисти маъруфи рус Максим Шевченко ҳастем, ки ба ин иддаои Семён Багдасаров посух дод, ки «ту дар Тоҷикистон машғули қатли ом будӣ ва бо дастаи каллабуронат хуни садҳо мардуми бегуноҳро рехтаӣ».
Оре, мисли Семён Багдасаров садҳо нафарони дигар буданд, ки хуни мардумони бегуноҳи тоҷикро дар замони Ҷанги шаҳрвандӣ рехтаанд. Таърих худ гувоҳ аст, ки миллати тоҷик қарнҳои гузашта аз дасти миллатҳои гуногун азияти зиёд дидааст ва он Ҷанги шаҳрвандие, ки миллати тоҷик аз сар гузаронидааст, бо амру ибтикори хориҷиён сар задаст, ки имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон (Додситони кул, амният) бархе аз зархаридону саркардагони ҷангро дастгир намуда, ба ҷавобгарӣ кашида истодааст.
Агар полковники мустаъфӣ Багдасаров филми бадеии «Шикасти афғон» (Афганский излом)-ро тамошо карда бошад, хулоса мебарорад, нафаре ки хуни бегуноҳонро рехта бошад, сазояшро мебинад.
Рӯдакии бузург ҳазор сол пеш гуфта буд:
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

03.01.2020     71