Агарчи ранҷ беандоза дидем,ба он ганҷе,ки меҷустем расидем

Вақте ба таърихи гузаштаи хеш назар меафканем ё сухан аз истиқлолият меравад, беихтиёр моро ба сайри солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебарад ва он давраи мушкил ва ҳассос, ки тақдири миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима гирифтанд ба ёд меояд,ки касе аз намояндагони мардум намехост зимоми давлатдориро ба души хеш гирад ва мо ҳеҷ гоҳ инро фаромуш карда наметавонем.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва кишвари мо дар ҳолати ногувор қарор гирифтаву иқтисодиёти давлат хароб гашта буд. Аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Аз тарафи дигар гусасташавии риштаҳои хамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида, сатҳи камбизоатӣ ба 80 % расид. Дар маҷмӯъ ин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллии кишвар ба миён овард. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, ки вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боздоранд ва иқтисодиёти кишварро ба эътидол оваранд, то ин ки кишварамон аз ин вазъи номусоид берун ояд. Дар ин давра тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист. Роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд. Меҳмонхонае набуд, ки барои қабули меҳмонони хориҷӣ омода ва ба талаботҳои замона ҷавобгӯ бошад. Мардум норасоии обу барқро ба кулли эҳсос менамуданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Бо шарофати қудуми неки ин марди сипоҳсолор ва хирадпеша мо ба ин рӯзҳои неки зиндагӣ расидем. Ба мо муясар гашт, ки соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин Артиши миллӣ гардем. Муҳимтар аз ҳама дар давраи соҳибстиқлолӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатиро сазовор гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 145 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Файзи истиқлол аст, ки бо кӯшишу ғайрати Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми халқи меҳнатқарини тоҷик соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба дара рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодаанд. Маврид ба зикр аст,ки таи чанд соли охир сатҳи ҳаёти мардум ру ба беҳбудӣ ниҳодаву гӯшаву канори диёрамон боз ҳам ободу зеботар мегардад. Аз ҷумла, амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат: баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергитикӣ ва ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз самараи соҳибистиқлолии Ватан аст. Мардуми тоҷик имруз ифтихор аз он дорад, ки дар интихоби сарвари хеш хато накардааст ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун сохтмони НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, “Нақби Истиқлол”, Роҳи мошингарди Бадахшон, Роҳи оҳани Хатлону Кулоб ва як қатор иншоотҳои бузурги кишвар истифода мебарад. Ин ҳама ободиву муваффақиятҳо ба руҳу ҷони ҳар фарди Ватан илҳоми тозаеро баҳри   некуаҳволии халқу диёрамон бахшида, дилро ба ваҷд меоварад ва мо беихтиёр нидо мекунем:

Бар ватандории мо ҳар кас, ки варзад душманӣ,

Бемуҳобо то кунун дар рахти хоби ғафлат аст!

Мардуми тоҷик дар арафаи иди Парчам қарор дошта, арзандатарин шароити рӯзгорро соҳибанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо фармони худ 24-ноябрро рӯзи Парчами давлатӣ эълон намуданд ва боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳама шукуҳу шаҳоматаш дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардидааст.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.

Оқилона ҳарф гуфт,он кас ки дурандеш шуд,

Лаззати ҳар мисрааш чун сабки Хайрандеш шуд.

Парчами тоҷик парафшон шуд ба шеъри Гулназар,

Пойдории ватан з-ин марди хайрандеш шуд.

Муҳимтар аз он, халқи тоҷик дар фазои ором озоду обод зиндагӣ доранд ва хушбахтона, имрӯз идро болои ид ҷашн мегиранд. Давлату Ҳукумате дорем, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Мо бояд шукургузор бошему ифтихор намоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

 Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



24.11.2020     25