Ҳадаф - Шараф аст!

Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Неругоҳи барқӣ ва обии Роғун, Сангтуда 1-2, сохтмони роҳҳо ва иншоотҳои истиқоматӣ машғул аст ва ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ менамоянд . Раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки,ин иншоотҳо барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонанд.
Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо чи ҷоннисориҳо давлати тоҷиконро аз мустамликаи давлату миллатҳои абарқудрат бо забон ва расму оини мардуми хеш нигоҳ дошта ба ин рӯзҳои нек моро расонид. Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад. Бо вуҷуди ин ҳама афтидану хестанҳо тоҷикон мавқеи сиёсиву ҷуғрофии худро дар арсаи таърих нигоҳ доштаанд ва дар ҳар давру замон насли ҷадид бо омӯзиши таърихи ниёгон ба рушду ободии ватани хеш талош намудаанд.
Хоса, пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мардуми тоҷик дар партави роҳнамоии Ҳукумати кишвар баҳри ободии ватан камар бастаанд. Таваҷҷуҳи кулли мардуми кишвар ба сохтмонҳои мамлакат хеле зиёд аст. Ин буд, ки соли 2010 дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар сокинон бо руҳияи ватандӯстию ободкорӣ ба роҳпаймоӣ баромада, бо харидорӣ намудани саҳмияҳо ҳиссаи хешро дар бунёди Неругоҳи барқӣ ва обии Роғун - кохи нур, гузоштанд.
Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳҳо, тунелҳо, роҳҳо ва сохтмони заводу фабрикаҳо заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишварамон заҳмат кашидаанд, ки ба мувафақиятҳои назаррас ноил гаштем. Мардуми мо хуб медонанд, ки бунёди иншоотҳои азим ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иштироки бевоситаи роҳбарияти давлат дар корҳои сохтмонӣ ва мулоқоти судмандашон бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди ин иншоотҳоро бори дигар ёдрас мекунад. Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ҷаридаи оламиён хоҳад кард.
Бар ватандории мо ҳар кас, ки варзад душманӣ,

Бемуҳобо то кунун дар рахти хоби ғафлат аст.
Ба соҳибихтиёр гаштан дар истифодаи сарватҳои табиии худ, аҳамияти хосса додан ба рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва талошҳо барои расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ марбутанд. Сохтмони роҳҳо ва пулҳои аҳаммияти маҳаллию миллӣ ва байналмилалӣ дошта ба робитаҳои минтақаҳои кишвар байни ҳамдигар ва мутаносибан, байни мардум мусоидат намуда, ба тоҷикон имконият доданд, ки умумияти миллии худро дар самтҳои хоҷагидорию тиҷорат ва умуман, ягонагии иқтисодӣ боз ҳам тавсеа бахшанд. Дар умум,ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун омили тақвиятгари умумияти ҳаёти иқтисодии миллати тоҷик нақши хеле созандаро ба анҷом расонида ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намудаанд.
Таибов С.А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

05.08.2020     259
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php